https://sputnik.tj/20210607/narhi-emkuni-rusiya-arzish-vaksina-sputnik-v-1040020807.html
Нархи эмкунӣ дар Русия маълум гашт: арзиши ваксина “Спутник V” эълон шуд
Нархи эмкунӣ дар Русия маълум гашт: арзиши ваксина “Спутник V” эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши ваксина бо назардошти таҳвил ҳисоб карда шудааст. Маблағи ҳар як вояи ваксинаро давлат пардохт мекунад 07.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-07T12:25+0500
2021-06-07T12:25+0500
2021-06-07T12:25+0500
тандурустӣ
арзиш
нарх
дар русия
ваксина
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836362_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_79937381c0787a48ed85bdb6b6ceb54c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Нархи ваксинаи бар зидди коронавируси сохти Русия бо номи “Спутник V”-и тақрибан 900 рубли русиро ташкил медиҳад. Ба ин арзиш инчунин, нархи интиқоли ваксина низ дар бар гирифта шудааст. Дар ин бора дар мусоҳиба бо РИА Новости вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко хабар додааст.Ба гуфтаи вай, пандемияи коронавирус хароҷоти иловагиро ба бор овард. Пеш аз ҳама, барои эмгузаронӣ маблағ лозим аст.Вай қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир Русия барои эмгузаронии аҳолӣ беш аз 30 миллион вояи харидорӣ кардааст.Қаблан вазири тандурустӣ гуфта буд, ки чӣ гуна метавон худро аз гирифтор шудан ба коронавирус ҳифз кард. Ба гуфтаи Мурашко, шумораи гирифторон ба COVID-19 дар Русия коҳиш хоҳад ёфт, агар ҳар як сокини кишвар ба саломатии худ рафтори бомасъулият нишон диҳад ва тавсияҳои заруриро иҷро кунад.Ёдовар мешавем, ки ваксинаи “Спутник V”, ки аз ҷониби олимони Маркази Гамалея таҳия шудааст, аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон барои коронавирус гардид. Аз он тақрибан дар 56 кишвари дунё истифода мебаранд. Баъзеи онҳо нақша доранд ё аллакай истеҳсоли ин ваксинаро дар қаламрави худ оғоз кардаанд.Мувофиқи маълумоти Фонди сармоягузории мустақими Русия (RDIF), ваксинаи “Спутник V” маъмултарин ваксина бар зидди COVID-19 шудааст. Илова бар ин, ваксини сохти Русия аз рӯи маъруфият дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор гирифтааст.
https://sputnik.tj/20210603/sjb-vaksin-sputnik-v-omuzish-1039949484.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836362_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_12b9632e9fad2aff2469a4b4544a4b49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, арзиш, нарх, дар русия, ваксина
тандурустӣ, арзиш, нарх, дар русия, ваксина
Нархи эмкунӣ дар Русия маълум гашт: арзиши ваксина “Спутник V” эълон шуд
Арзиши ваксина бо назардошти таҳвил ҳисоб карда шудааст. Маблағи ҳар як вояи ваксинаро давлат пардохт мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Нархи ваксинаи бар зидди коронавируси сохти Русия бо номи “Спутник V”-и тақрибан 900 рубли русиро ташкил медиҳад. Ба ин арзиш инчунин, нархи интиқоли ваксина низ дар бар гирифта шудааст. Дар ин бора дар мусоҳиба бо РИА Новости вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, пандемияи коронавирус хароҷоти иловагиро ба бор овард. Пеш аз ҳама, барои эмгузаронӣ маблағ лозим аст.
“Ваксинаи "Спутник V" бо назардошти таҳвил тақрибан 900 рублро ташкил медиҳад, ҳамаи ин хароҷотро имрӯз давлат аз ҳисоби худ пардохт мекунад", - таъкид кард Мурашко.
Вай қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир Русия барои эмгузаронии аҳолӣ беш аз 30 миллион вояи харидорӣ кардааст.
Қаблан вазири тандурустӣ гуфта буд, ки чӣ гуна метавон худро аз гирифтор шудан ба коронавирус ҳифз кард. Ба гуфтаи Мурашко, шумораи гирифторон ба COVID-19 дар Русия коҳиш хоҳад ёфт, агар ҳар як сокини кишвар ба саломатии худ рафтори бомасъулият нишон диҳад ва тавсияҳои заруриро иҷро кунад.
Ёдовар мешавем, ки ваксинаи “Спутник V”, ки аз ҷониби олимони Маркази Гамалея таҳия шудааст, аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон барои коронавирус гардид. Аз он тақрибан дар 56 кишвари дунё истифода мебаранд. Баъзеи онҳо нақша доранд ё аллакай истеҳсоли ин ваксинаро дар қаламрави худ оғоз кардаанд.
Мувофиқи маълумоти Фонди сармоягузории мустақими Русия (RDIF), ваксинаи “Спутник V” маъмултарин ваксина бар зидди COVID-19 шудааст. Илова бар ин, ваксини сохти Русия аз рӯи маъруфият дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор гирифтааст.