https://sputnik.tj/20210608/smm-voksinai-ziddi-covid-19-1040092248.html
СММ аз кишварҳои доро даъват кард ба давлатҳои нодор воксинаи зидди COVID-19 диҳанд
СММ аз кишварҳои доро даъват кард ба давлатҳои нодор воксинаи зидди COVID-19 диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдош бори дигар аз кишварҳои сарватманд даъват кардааст, ки ба кишварҳои нодор барои дастрасӣ ба ваксинаи зидди вируси корона кумак намоянд
2021-06-08T21:00+0500
2021-06-08T21:00+0500
2021-07-29T13:14+0500
дар ҷаҳон
смм
кишварҳо
сарватманд
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1d/1032547835_0:0:2992:1683_1920x0_80_0_0_374383a50d9d0b4a621a7f22af5f5fdf.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намояд.Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба дастрасии кишварҳои нодор ба воксинаро ба намоиш гузоранд. Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор аз назари таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад. Тоҷикистон ҳам дар доираи ин барнома даҳҳо ҳазор дода воксина дарёфт кардааст, вале он дарсади хеле ками аҳолиро фаро мегирад.
https://sputnik.tj/20210306/COVAX-vaksin-tojikiston-1032958754.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1d/1032547835_261:0:2992:2048_1920x0_80_0_0_5ab74a9f808fdb93bd9d95ac212a97a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, ваксина, кишварщо нодор, сарватманд, коронавирус, covid-19
смм, ваксина, кишварщо нодор, сарватманд, коронавирус, covid-19
СММ аз кишварҳои доро даъват кард ба давлатҳои нодор воксинаи зидди COVID-19 диҳанд
21:00 08.06.2021 (Навсозишуда: 13:14 29.07.2021) Созмони ҷаҳонии беҳдош бори дигар аз кишварҳои сарватманд даъват кардааст, ки ба кишварҳои нодор барои дастрасӣ ба ваксинаи зидди вируси корона кумак намоянд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намояд.
Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба дастрасии кишварҳои нодор ба воксинаро ба намоиш гузоранд.
Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.
Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.
Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор аз назари таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад.
Тоҷикистон ҳам дар доираи ин барнома даҳҳо ҳазор дода воксина дарёфт кардааст, вале он дарсади хеле ками аҳолиро фаро мегирад.