Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Захарова: Маскав омода аст барои ҳалли мушкилоти марзӣ ба Душанбеву Бишкек кумак кунад

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкОфициальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Русия бори дигар дар бораи таниши марзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия дар нишасти матбуотӣ масъалаи муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод.
Ба гуфтаи вай, Маскав аз ҳарду ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки созишномаҳои басташударо риоя намоянд.
Захарова таъкид кард, ки Русия омода аст барои истиқрори сулҳ дар ин минтақа кумак намояд.

"Мо бо дарназардошти ҳодисаҳои 28-30 апрели соли равон аз шиддат ёфтани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекардем. Мо дар ташвиш будем ва ба тарафҳо эродҳо ва муроҷиатҳои мувофиқ низ баён кардем", - гуфт Захарова.

Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия қайд кард, ки Маскав созишномаҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бораи танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ тавассути музокироти мустақим ҳал кардани ин ҳодиса, истиқбол мекунад.
"Боиси хушнудист, ки 5 июн намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳороти муштаракро роҷеъ ба коҳиш додани ташаннуҷ дар минтақаи марзӣ қабул намуданд. Тибқи ин созиш постгоҳҳои марзӣ дар қаламрави ҳарду кишвар аз марз дуртар мустақар мегарданд ва нерӯҳо ва таҷҳизоти дигар ба макони доимии пешинаи худ баргардонида мешаванд", - илова кард дипломат.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна аст: посухи КДАМ
Вазорати умури хориҷаи Русия аз шарикони қирғизу тоҷик даъват кард, ки созишномаҳои ҳосилшударо қатъиян риоя намоянд.
"Раванди аломатгузории марз байни ду кишвар бояд анҷом ёбад. Мо бори дигар тасдиқ мекунем, ки Русия омода аст, агар ҷонибҳо манфиатдор бошанд, кумак намояд. Аз ҷумла барои истиқрори сулҳи пойдор ва амният дар марзи ду давлати бародар, Русия омодааст бо коршиносони худ кумак намояд", - таъки дошт Захарова.

Шиддати вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи чоруми июн расонаҳои Қирғизистон иддао карданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даъвати Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон: мушкилоти марзиро бо роҳи музокира ҳал кунед
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард. Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аммо Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
Собака на автомобильной дороге, закрытой на границе для проезда автомобилей. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Аз бастани марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон кӣ зарар мебинад
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, -гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард
Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд.
Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст ва охирин даргирии сангин низ 29 апрели соли равон дар ин деҳа оғоз шуда, ба тамоми манотиқи марзии миёни ду кишвар густариш ёфт ва зуд бо эълони як оташбас фурӯкаш шуд.
Лентаи хабарҳо
0