Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна аст: посухи КДАМ

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Обуна шудан
Воҳидҳои низомие, ки дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон мустақаранд, бо реҷаи пурзӯршуда хидматро идома медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Вазъ дар минтақаи Унҷу-Булоқи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш маӯътадил аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон.
Воҳидҳои низомие, ки дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон мустақаранд, бо реҷаи пурзӯршуда хидматро идома медиҳанд.
"То соати 15:30 вазъ дар минтақаи Унҷу-Булоқ мӯътадил аст. Дар натиҷаи гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ дар бораи аломатгузории сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон, баровардани нерӯҳо ва қувваҳои иловагии тарафҳо ба ҷойҳои истиқомати доимӣ ба анҷом расид ", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Шиддати вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи чоруми июн расонаҳои Қирғизистон иддао карданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Вертолет Ми-8, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Пурра сӯхт: нашри навори "суқут" - и чархболи низомии Қирғизистон дар Ӯш
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
“Ҷанг чӣ даркор?”: фурӯкаш шудани ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард. Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Аз баргардонии нерӯҳо то чарогоҳу тақсими марз: матни протоколи созиши Душанбею Бишкек
Аммо Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, -гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард
.“Қаламрави мост”: нота ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расидаанд - Видео
Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд.
Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст ва охирин даргирии сангин низ 29 апрели соли равон дар ин деҳа оғоз шуда, ба тамоми манотиқи марзии миёни ду кишвар густариш ёфт ва зуд бо эълони як оташбас фурӯкаш шуд.
Лентаи хабарҳо
0