https://sputnik.tj/20210610/shavkat-mirziyoev-dushanbe-safar-1040118361.html
Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт
Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
2021-06-10T09:55+0500
2021-06-10T09:55+0500
2021-07-21T14:04+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102692/38/1026923809_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_7f4fc9e94f41a7b0ddf5c3ecf6775b25.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан пешвоз гирифт.Барои истиқболи Мирзиёев ҳамзамон ҳазорон сокинони пойтахт баромадаанд.Гуфта мешавад, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, омаданд.Дар назар аст, сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд. Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд. Зикр мегардад, ки раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо мерасонанд.Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.Баъди марзбандии Қирғизистон: Душанбе бо Тошканд осонсозии ҳаракатро ба миён гузоштҚаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20210609/rohbandi-sughd-istiqboli-mirziyoev-kadom-kuchaho-1040108003.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102692/38/1026923809_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_b79e9954997ae728e0512e5834d125da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон шавкат мирзиёев сафари тоҷикистон эмомалӣ раҳмон ҳамкорӣ
ӯзбекистон шавкат мирзиёев сафари тоҷикистон эмомалӣ раҳмон ҳамкорӣ
Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт
09:55 10.06.2021 (Навсозишуда: 14:04 21.07.2021) Сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар назар аст, ки дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Бино ба иттилои манобеи
Sputnik Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан пешвоз гирифт.
Барои истиқболи Мирзиёев ҳамзамон ҳазорон сокинони пойтахт баромадаанд.
Гуфта мешавад, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, омаданд.
Дар назар аст, сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд.
Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.
Зикр мегардад, ки раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо мерасонанд.
Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.