Эълони роҳбандӣ дар Суғд ба истиқболи Мирзиёев: кадом кӯчаҳо?

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Обуна шудан
Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд аз ду рӯзи маҳдудиятҳо дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт хабар додааст. Манбаъ тавзеҳ додааст, ки кадом рӯзҳо ва дар кадом кӯчаҳо роҳбандӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Раёсати БДА дар вилояти Суғд эълон кард, ки дар робита ба омадани меҳмонони баландмақом, рӯзҳои 11 ва 12 июни соли ҷорӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯча ва роҳҳои протоколӣ маҳдуд карда мешавад.
Тибқи эълон, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, 11 июн ҳаракат дар кӯчаҳои ба номи Н. Хувайдуллоев, Б. Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон масдуд мешавад.
“Ҳаракат дар роҳи мошингарди Ғафуров - Хуҷанд, кӯчаи маҳаллаи Арбоби ҷамоати Унҷӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳҳои ҷамоати Исмоил ва Д. Холматови ноҳияи Б.Ғафуров сурат мегирад”, - омадааст дар эълон.
Встреча гостей возле дворца культуры в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Бо карнаю сурнай: истиқболи соҳибкорони Ӯзбекистон дар Бохтар
Рӯзи 11 июн дар гардиши Ором, кӯчаи Сирдарё, гардиши Ракета ва Ягодка, кӯчаҳои ба номи Р.Ҷалил ва И. Сомонии шаҳри Хуҷанд низ роҳбандии муваққатӣ хоҳад буд.
“Рӯзи 12 июн, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои ба номи И.Сомонӣ, К. Хуҷандӣ, Р. Ҳоҷиев то маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои ба номи Н. Хувайдуллоев, Б. Ғафуров, Сомониён ва кӯчаҳои Гагарини шаҳри Бӯстон баста мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.
Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми роҳбандиҳо аз масирҳои дигари ҳамшафат истифода баранд.
Маҳдудияти ҳаракат дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан аз сафари Шавкат Мирзиёев ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иттилоъ дода буданд. Шавкат Мирзиёевро дар сафар ба шаҳри Хуҷанд роҳбарони олии Тоҷикистон низ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи консертии Шоми дӯстӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Аз Нигина то Юлдуз: 250 санъаткор дар назди Раҳмону Мирзиёев ҳунарнамоӣ мекунанд - акс
Мақомот дар шарҳи барномаи сафари Мирзиёев гуфта буданд, ки “қарор аст, меҳмонони олимақом бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Қолинҳои Суғд” дар шаҳри Гулистон ва корхонаи тавлидотии “Ҷавонӣ” - и шаҳри Хуҷанд шинос шаванд”.
Ҳамчунин сафари меҳмонон ба “Қасри Арбоб” ва Боғи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0