Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрел бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад ёфт

Суҳбати генерал Раҳимзода бо ҳамтои ӯзбекаш: бар зидди ҷинояткорӣ якҷо мубориза мебарем

© ВКД ҶТВазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Бобоҷонов Пулат Раззоқович
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Бобоҷонов Пулат Раззоқович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода ва Пулат Бобоҷонов мехоҳанд дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир якҷо мубориза баранд
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Бобоҷонов Пулат Раззқович дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Раҳимзода ҳамтои ӯзбекашро ба кишвар хайра мақдам гуфта, изҳор доштааст, ки ин вохӯрӣ барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот манфиатбахш мебошад.
“Мо бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем”, - таъкид шудааст дар ин мулоқот.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Раҳмон ва Мирзиёев умедвори густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо шуданд
Ёдрас мешавем, рӯзи 10 июн президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Душанбе омад.
Лентаи хабарҳо
0