https://sputnik.tj/20210610/rahmon-mirziyoev-gustarishi-hamkori-1040129699.html
Раҳмон ва Мирзиёев умедвори густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо шуданд
Раҳмон ва Мирзиёев умедвори густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе музокироти раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт
2021-06-10T13:17+0500
2021-06-10T13:17+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
шавкат мирзиёев
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040122278_101:245:1180:852_1920x0_80_0_0_782fb64dcef4be786f212eddd780f65a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карданд, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Раҳмон кумаки Ӯзбекистонро барои рафъи пандемияи коронавирус қайд кард. Илова бар ин, сарвари Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ишора кард."Мо ҳамеша дар созмонҳои мухталифи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният ва вазъи Афғонистон ба таври муттаҳид сухан мегӯем", - таъкид кард Раҳмон. Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки минбаъд дар тамоми соҳаҳо: сиёсат, амният, иқтисод, илм, фарҳанг ва маориф рушди минбаъдаи пешрафта ба даст хоҳад омад. "Мо ба ин боздид аз қабл омодагӣ медидем ва тамоми заминаи меъёрӣ ва қонунгузориро омода карда будем. Боиси қаноатмандист, ки як рӯз пеш дар форуми тиҷоратӣ ба маблағи 730 миллион доллар шартномаҳо ба имзо расиданд", - гуфт Мирзиёев дар навбати худ.Раҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки вазъияти Афғонистон воқеан муносибати боэҳтиётро талаб мекунад, алахусус вақте ки вазъ дар марз шадидтар шудааст. Мирзиёев гуфт, ки Ӯзбекистон ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мошинсозӣ, технологияҳои баланд, илм, маориф ва кишоварзӣ умедвор аст. Сафари сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари дурӯзаи Мирзиёев раҳбарон ба қисмати шимолии кишвар рафта, зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғдро омӯзанд.
https://sputnik.tj/20210610/muloqot-mehmondori-pughus-konserti-rahmon-mirziyoyev-1040120037.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040122278_58:0:1194:852_1920x0_80_0_0_324247df680f23efff39f07fac39df3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон мирзиёев густариш ҳамкорӣ тоҷикистон ӯзбекистон
раҳмон мирзиёев густариш ҳамкорӣ тоҷикистон ӯзбекистон
Раҳмон ва Мирзиёев умедвори густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо шуданд
13:17 10.06.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Дар Душанбе музокироти раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карданд, гузориш медиҳад хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон. "Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - ду давлати бародар ва муттаҳидони муҳими стратегӣ мебошанд. Солҳои охир дӯстӣ ва шарикии стратегии мо дар ҳама соҳаҳо маълум шуданд ва умедворам, ки мулоқоти имрӯзаи мо низ самарабахш хоҳад буд", - гуфт Раҳмон дар оғози мулоқот бо Мирзиёев.
Раҳмон кумаки Ӯзбекистонро барои рафъи пандемияи коронавирус қайд кард. Илова бар ин, сарвари Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ишора кард.
"Мо ҳамеша дар созмонҳои мухталифи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният ва вазъи Афғонистон ба таври муттаҳид сухан мегӯем", - таъкид кард Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки минбаъд дар тамоми соҳаҳо: сиёсат, амният, иқтисод, илм, фарҳанг ва маориф рушди минбаъдаи пешрафта ба даст хоҳад омад.
"Мо ба ин боздид аз қабл омодагӣ медидем ва тамоми заминаи меъёрӣ ва қонунгузориро омода карда будем. Боиси қаноатмандист, ки як рӯз пеш дар форуми тиҷоратӣ ба маблағи 730 миллион доллар шартномаҳо ба имзо расиданд", - гуфт Мирзиёев дар навбати худ.
Раҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки вазъияти Афғонистон воқеан муносибати боэҳтиётро талаб мекунад, алахусус вақте ки вазъ дар марз шадидтар шудааст.
Мирзиёев гуфт, ки Ӯзбекистон ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мошинсозӣ, технологияҳои баланд, илм, маориф ва кишоварзӣ умедвор аст.
"Ман фикр мекунам, ки сафари имрӯза пурсамар хоҳад буд ва мо ҳама санадҳои омодашуда ва мувофиқаро имзо хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Сафари сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари дурӯзаи Мирзиёев раҳбарон ба қисмати шимолии кишвар рафта, зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғдро омӯзанд.