https://sputnik.tj/20210608/rahmon-mirziyoev-konserti-dushanbe-shirkat-1040071378.html
Раҳмону Мирзиёев дар як консерти бузург дар Душанбе ширкат хоҳанд кард
Раҳмону Мирзиёев дар як консерти бузург дар Душанбе ширкат хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар консерт тақрибан 300 ҳунарманди маъруфи тоҷику узбек ҳунарнамоӣ мекунанд
2021-06-08T10:50+0500
2021-06-08T10:50+0500
2021-06-10T13:34+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
"шоми дӯстӣ"
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102496/78/1024967819_0:0:3493:1966_1920x0_80_0_0_658a417092975cfad9c5b99823dedc40.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Беш аз 100 ҳунарманди Ӯзбекистон барои ширкат дар консерти "Шоми дӯстӣ" ба Душанбе омаданд. Миёни онҳо мақомсароён, мутрибон, раққосон мебошанд. Ҷониби Ӯзбекистонро ҳунармандон - Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон” ва “Тошкент зеболари” намояндагӣ хоҳанд кард. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати ҳунармандонро вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков роҳбарӣ мекунад. Гурӯҳи ҳунармандони Ӯзбекистон дар “Шоми дӯстӣ” - барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ин консерт 10 июни соли равон бо ҳузури президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад. Дар барномаи муштараки консертӣ аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 150 ҳунарманди шинохтаи кишвар, аз ҷумла Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Лола”, “Парасту”, “Базморо” ва ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ҳунарнамоӣ мекунанд. “Шоми дӯстӣ” дар дойираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 анҷом мегирад, баргузор хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210607/uzbekiston-barnoma-safar-mirziyoev-tojikiston-1040021871.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102496/78/1024967819_212:0:3307:2321_1920x0_80_0_0_ce6edec19ef0fb2805265e4649f21026.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон мирзиёев сафар душанбе тошканд консерт
раҳмон мирзиёев сафар душанбе тошканд консерт
Раҳмону Мирзиёев дар як консерти бузург дар Душанбе ширкат хоҳанд кард
10:50 08.06.2021 (Навсозишуда: 13:34 10.06.2021) Дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки 10 июн бо ҳузури президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар "Кохи Борбад" барпо мешавад, 250 санъаткори тоҷику ӯзбек ҳунарнамоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Беш аз 100 ҳунарманди Ӯзбекистон барои ширкат дар консерти "Шоми дӯстӣ" ба Душанбе омаданд.
Миёни онҳо мақомсароён, мутрибон, раққосон мебошанд. Ҷониби Ӯзбекистонро ҳунармандон - Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон” ва “Тошкент зеболари” намояндагӣ хоҳанд кард.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати ҳунармандонро вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков роҳбарӣ мекунад.
"Меҳмононро дар майдони ҳавоии Душанбе вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давалатзода ва муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён пешвоз гирифтанд", - омадааст дар хабар.
Гурӯҳи ҳунармандони Ӯзбекистон дар “Шоми дӯстӣ” - барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ин консерт 10 июни соли равон бо ҳузури президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.
Дар барномаи муштараки консертӣ аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 150 ҳунарманди шинохтаи кишвар, аз ҷумла Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Лола”, “Парасту”, “Базморо” ва ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ҳунарнамоӣ мекунанд.
“Шоми дӯстӣ” дар дойираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 анҷом мегирад, баргузор хоҳад шуд.