https://sputnik.tj/20210607/uzbekiston-barnoma-safar-mirziyoev-tojikiston-1040021871.html
Аз масъалаи марз то имзои 30 созишнома: Ӯзбекистон ҷузъиёти сафари Мирзиёевро ифшо кард
Аз масъалаи марз то имзои 30 созишнома: Ӯзбекистон ҷузъиёти сафари Мирзиёевро ифшо кард
Sputnik Тоҷикистон
Котиботи президенти Ӯзбекистон санаи дақиқи парвози Шавкат Мирзиёевро эълон намуда барномаи эҳтимолии раисиҷумҳурро рушан кард
2021-06-07T12:55+0500
2021-06-07T12:55+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102879/48/1028794898_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_92da9ea93ca4267ea05849d707a0c0ba.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шерзод Асадов ҷузъиёти сафари Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон ифшо кард.Ба гуфтаи Асадов,сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон аз 10 то 11 июн сурат мегирад. Дар нахустин рӯзи ташрифи Мирзиёев ба Тоҷикистон мулоқотҳои расмӣ доир мегардад. Зимнан, дар рӯзи дуюм кишвардори Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон озими шаҳри Хуҷанд мешаванд.Манобеъ аз маъмурияти Хуҷанд низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки Мирзиёев на танҳо аз корхонаҳои саноатӣ, балки аз маконҳои фарҳангию таърихӣ низ боздид ба амал меорад.Гуфта мешавад, сафари роҳбари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба тасвиб шудани 30 созишномаи байниҳукуматӣ анҷом хоҳад ёфт.Ҳамзамон, дар назар аст, ки бо роҳбарияти Суғд масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо минтақаҳои ҳамсояи Ӯзбекистон муҳокима карда шаванд. Илова бар ин, масъалаҳои аломатгузории марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тақвият додани равобити заминӣ низ аз масъалаҳое хоҳанд буд, ки миёни роҳбарони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
https://sputnik.tj/20210605/dushanbe-toshkand-omodagi-safar-mirziyoev-tojikiston-1039997887.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102879/48/1028794898_0:0:2047:1535_1920x0_80_0_0_752ef3c9dcdc70b5cfddef57831fdee6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев, тоҷикистон, сафар
шавкат мирзиёев, тоҷикистон, сафар
Аз масъалаи марз то имзои 30 созишнома: Ӯзбекистон ҷузъиёти сафари Мирзиёевро ифшо кард
12:55 07.06.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Котиботи президенти Ӯзбекистон санаи дақиқи парвози Шавкат Мирзиёевро эълон намуда барномаи эҳтимолии раисиҷумҳурро рушан кард
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шерзод Асадов ҷузъиёти сафари Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон ифшо кард.
Ба гуфтаи Асадов,сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон аз 10 то 11 июн сурат мегирад.
Дар нахустин рӯзи ташрифи Мирзиёев ба Тоҷикистон мулоқотҳои расмӣ доир мегардад. Зимнан, дар рӯзи дуюм кишвардори Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон озими шаҳри Хуҷанд мешаванд.
Манобеъ аз маъмурияти Хуҷанд низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки Мирзиёев на танҳо аз корхонаҳои саноатӣ, балки аз маконҳои фарҳангию таърихӣ низ боздид ба амал меорад.
Гуфта мешавад, сафари роҳбари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба тасвиб шудани 30 созишномаи байниҳукуматӣ анҷом хоҳад ёфт.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки бо роҳбарияти Суғд масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо минтақаҳои ҳамсояи Ӯзбекистон муҳокима карда шаванд.
Илова бар ин, масъалаҳои аломатгузории марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тақвият додани равобити заминӣ низ аз масъалаҳое хоҳанд буд, ки миёни роҳбарони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.