https://sputnik.tj/20210608/boloravi-rublu-evro-bequrb-somoni-tojikiston-1040070462.html
Идомаи болоравии арзиши рублу евро ва беқурбшавии сомонӣ дар Тоҷикистон
Идомаи болоравии арзиши рублу евро ва беқурбшавии сомонӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон беқурбшавии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ идома дорад
2021-06-08T09:31+0500
2021-06-08T09:31+0500
2021-06-08T09:31+0500
иқтисод
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_0:171:3033:1877_1920x0_80_0_0_3935f7307290c9846ca5db35a7ec9037.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1550 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз ин арзиши 1 рубли русӣ 0.1542 муқаррар шуда буд.Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ низ боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.7912 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,7187 сомонӣ муқаррар шуда буд.Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1570 -1585 сомонӣ муқаррар шудааст.Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1520 то 0.1585 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1530 то 0,1580 сомонӣ нишон дода шудааст.Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
https://sputnik.tj/20210531/bonki-jahoni-islohot-nizomi-andozbandi-tojikiston-1039853590.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_b6a44af48e8fb73a118e8c88adc6fa11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар рубл сомонӣ қурби асъор бонки миллӣ
доллар рубл сомонӣ қурби асъор бонки миллӣ
Идомаи болоравии арзиши рублу евро ва беқурбшавии сомонӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллӣ аз болоравии қурби асъор хориҷӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Имрӯз дар бозори арз қурби евро ва рубл нисбат ба сомонӣ боло рафтаву доллар устувориро нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1550 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз ин арзиши 1 рубли русӣ 0.1542 муқаррар шуда буд.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ низ боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.7912 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,7187 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1570 -1585 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1520 то 0.1585 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1530 то 0,1580 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.