https://sputnik.tj/20210531/bonki-jahoni-islohot-nizomi-andozbandi-tojikiston-1039853590.html
Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳот дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар дод
Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳот дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ барои татбиқи ислоҳоти дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад
2021-05-31T13:35+0500
2021-05-31T13:35+0500
2021-07-21T18:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
грант
андозбандӣ
маблағ
андоз
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_e37cdf54f012cb759a9ae1a58c0e44c4.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Ахиран Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ 50 миллион доллар маблағи грантиро барои татбиқи ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.Дар иттилоияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ахиран ба нашр расид, таъкид шудааст, ки ин маблағ, бо ҳадафи такмили Кодекси андоз, беҳтар кардани сатҳи андозситонӣ ва андозсупорӣ равона шудааст.Қайд карда шудааст, ки маблағи грантӣ рӯзи 28-уми май ба Тоҷикистон дода шуд.Бонки Ҷаҳонӣ таъкид доштанд, ки дар сурати такмили Кодекси андоз ва фароҳам кардани шароити дуруст ба соҳибкорон вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.Ёдрас мешавем, ки Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон барномаи “Беҳтар кардани мудирияти андозситонӣ”-ро рӯи даст гирифт ва барои ҷорӣ кардани чунин ислоҳот ба кишвар ба ҷуз 50 миллион доллари ахир, дар гузашта 18 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт додааст.Ба гуфтаи коршиносон низоми андозбандии Тоҷикистон бино бар сарбории гаронаш рӯйи соҳибкорон борҳо мавриди интиқоди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20210522/bonki-jahoni-himoyat-energetikai-1039652846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_96:0:1803:1280_1920x0_80_0_0_83d4f46299275f5358c4c68174fd39c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, андозбандӣ, ислоҳот, бонки ҷаҳонӣ
тоҷикистон, андозбандӣ, ислоҳот, бонки ҷаҳонӣ
Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳот дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар дод
13:35 31.05.2021 (Навсозишуда: 18:51 21.07.2021) Бонки Ҷаҳонӣ барои татбиқи ислоҳоти дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Ахиран Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ 50 миллион доллар маблағи грантиро барои татбиқи ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Дар иттилоияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ахиран ба нашр расид, таъкид шудааст, ки ин маблағ, бо ҳадафи такмили Кодекси андоз, беҳтар кардани сатҳи андозситонӣ ва андозсупорӣ равона шудааст.
Қайд карда шудааст, ки маблағи грантӣ рӯзи 28-уми май ба Тоҷикистон дода шуд.
“Замоне ки ширкатҳо ва соҳибкорон ба ҷойи зиён дидан манфиат мебинанд ва вақте бо давлат ҳамкории дуруст ба роҳ мемонанду, бахши хусусӣ рушд карда, ҷойҳои нави корӣ зиёд мешавад ва замина барои андозсупории бештар пайдо мешавад", зикр кардааст, Ян-Питер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар хабарнома.
Бонки Ҷаҳонӣ таъкид доштанд, ки дар сурати такмили Кодекси андоз ва фароҳам кардани шароити дуруст ба соҳибкорон вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон барномаи “Беҳтар кардани мудирияти андозситонӣ”-ро рӯи даст гирифт ва барои ҷорӣ кардани чунин ислоҳот ба кишвар ба ҷуз 50 миллион доллари ахир, дар гузашта 18 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт додааст.
Ба гуфтаи коршиносон низоми андозбандии Тоҷикистон бино бар сарбории гаронаш рӯйи соҳибкорон борҳо мавриди интиқоди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст.