https://sputnik.tj/20210607/shoir-tojik-chin-mukofot-1040024673.html
Қадрдонии шоири тоҷик дар Чин: мукофоти "Шоири барҷаста" гирифт
Қадрдонии шоири тоҷик дар Чин: мукофоти "Шоири барҷаста" гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Шоири тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии адабии Чин "Роҳи абрешим", ки дар водии Шансӣ баргузор гардида буд, иштирок кард.
2021-06-07T14:35+0500
2021-06-07T14:35+0500
2021-06-07T14:35+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
фарҳанг
мукофот
шоир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/01/1022310170_0:89:3325:1959_1920x0_80_0_0_a3134d44298e1a26b1d374035b1d8ccf.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Шоири номдори тоҷик, Абдуқаҳҳори Қосим дар Ҷумҳурии Чин ба гирифтани мукофоти "Шоири барҷаста" сарфароз гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, шоири тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии адабии Чин "Роҳи абрешим", ки дар водии Шансӣ баргузор гардида буд, иштирок кард.Дар ин ҳамоиши бузурги адабӣ шоирону нависандагон, коргардонҳо аз 16 давлати дунё, 30 музофоти миллӣ, шаҳрдориҳо ва минтақаи мухтори Чин ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ 1000 асар ва 1700 мақолаи намояндагони 16 давлати дунё пешниҳод гардида шуд.Ғолибон аз рӯи натиҷаҳои фестивал дар номинатсияҳои “Барои қироати беҳтарин”, “Шоири барҷаста, “Шоири нав”, Шоири шараф” ва “Барои филми беҳтарин” муайян гардиданд. Шоири тоҷик дар ин ҷашнвора ба ҷоизаи "Шоири барҷаста" мукофотонида шуд.Манбаъ меафзояд, Абдуқаҳҳори Қосим ягона эҷодкорест, ки аз Тоҷикистондар ин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ ширкат варзида, забону адабиёти тоҷикро муаррифӣ намуд. Шоир соли 2020 дар 30-умин солгарди фестивали адабии Меделин-Колумбия, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ин кишвар пазируфта шудааст, ширкат варзида, ашъораш бо забони тоҷикӣ ва испанӣ тӯли як соат тариқи тамоми расонаҳои ахбори фарҳангии Амрикои лотинӣ ва сомонаҳои интернетӣ пешкаши садҳо ҳазор тамошобинон гардида буд.
https://sputnik.tj/20200428/Kitobi-Abduaori-osim-ba-zaboni-serb-nashr-shud-1031143178.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/01/1022310170_297:0:3028:2048_1920x0_80_0_0_b656ae22e83474fa4ca412587722fccd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, шоир, тоҷик, мукофот, фарҳанг
чин, шоир, тоҷик, мукофот, фарҳанг
Қадрдонии шоири тоҷик дар Чин: мукофоти "Шоири барҷаста" гирифт
Абдуқаҳҳори Қосим аз миёни намояндагони 16 давлати дунё ба гирифтани мукофоти "Шоири барҷаста" сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Шоири номдори тоҷик, Абдуқаҳҳори Қосим дар Ҷумҳурии Чин ба гирифтани мукофоти "Шоири барҷаста" сарфароз гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, шоири тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии адабии Чин "Роҳи абрешим", ки дар водии Шансӣ баргузор гардида буд, иштирок кард.
Дар ин ҳамоиши бузурги адабӣ шоирону нависандагон, коргардонҳо аз 16 давлати дунё, 30 музофоти миллӣ, шаҳрдориҳо ва минтақаи мухтори Чин ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ 1000 асар ва 1700 мақолаи намояндагони 16 давлати дунё пешниҳод гардида шуд.
Ғолибон аз рӯи натиҷаҳои фестивал дар номинатсияҳои “Барои қироати беҳтарин”, “Шоири барҷаста, “Шоири нав”, Шоири шараф” ва “Барои филми беҳтарин” муайян гардиданд.
Шоири тоҷик дар ин ҷашнвора ба ҷоизаи "Шоири барҷаста" мукофотонида шуд.
Манбаъ меафзояд, Абдуқаҳҳори Қосим ягона эҷодкорест, ки аз Тоҷикистондар ин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ ширкат варзида, забону адабиёти тоҷикро муаррифӣ намуд.
Шоир соли 2020 дар 30-умин солгарди фестивали адабии Меделин-Колумбия, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ин кишвар пазируфта шудааст, ширкат варзида, ашъораш бо забони тоҷикӣ ва испанӣ тӯли як соат тариқи тамоми расонаҳои ахбори фарҳангии Амрикои лотинӣ ва сомонаҳои интернетӣ пешкаши садҳо ҳазор тамошобинон гардида буд.