Китоби Абдуқаҳҳори Қосим ба забони сербӣ нашр шуд

© Amir IsaevШкольная ярмарка в Душанбе
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китоби шоир ва нависандаи тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим таҳти унвони "Плес на киши" - "Рақс дар зери борон" бо забони сербӣ нашр гардид

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар нашрияи "Алма"-и шаҳри Белгради Сербия маҷмуаи ашъори шоири тоҷик, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои УрОсиё Абдуқаҳҳори Қосим дар тарҷумаи шоира ва журналисти белградӣ Даяна Лазаревич таҳти унвони "Плес на киши" - "Рақс дар зери борон" бо забони сербӣ рӯи чоп омад.

Боиси тазаккур аст, ки ашъори шоири Турсунзодагӣ то имрӯз ба забонҳои англисӣ, немисӣ, испанӣ, чинӣ, португлӣ, озарӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шуда, мавриди таваҷҷӯҳи шоирону мунаққидон ва шеърдӯстони бисёр кишварҳои дунё гаштааст.

Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нашри "Субҳи беғуруб", маҷмӯаи ашъори Ато Мирхоҷа

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, пешгуфтори ин китобро, ки аз шеърҳои ватандӯстӣ, ишқу поку беолоиш, зиндагӣ, табиат ва ҷавонмардӣ иборат мебошад, нависанда, шоир ва публитсисти машҳури сербӣ, доктори илмҳои фалсафа Милутин Ҷуричкович навишта, аз ҷумла гуфтааст:

"Бо идома додани таҷрибаи шинохташудаи тарҷумаҳои нав ва баландсифати адабиёти хориҷӣ, ин дафъа мо шоири муосир ва машҳури тоҷик, муаллифи даҳҳо китобҳои шеърӣ ва ғолиби бисёр ҷоизаҳои миллиро барои асарҳои пурифтихори худ, пешниҳод менамоем. Ин муаллиф – шоир Абдуқаҳҳори Қосим мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ менависад.

Ашъори ў аввалин бор бо забони сербӣ дар китоби "Плес на киши" "Рақс дар зери борон" интишор мешавад ва ин як имконияти хеле хубест барои омӯхтани тамоюлҳои рушд, шоирӣ ва фарогирии бадеии шеъри муосири тоҷик.

Абдуқаҳҳор лирики нозуктабъ ва мустақим аст, ки дар бораи атрофиён, зиндагӣ ва муҳаббат, ифтихори ватандорӣ, табиат, ватандӯстӣ ва дигар мавзӯъҳо эҷод менамояд. Дар баробари милллатдӯст ва меҳанпараст буданаш ў то дараҷае инсонгаро ва якдил бо мардумон аст, ки муҳаббат ва садоқати худро на фақат ба халқи худ ва рус, балкӣ ба дигар миллату халқиятҳо ва муҳити атроф ошкоро изҳор менамояд".

Лентаи хабарҳо
0