https://sputnik.tj/20210607/oghoz-sohtmon-rohi-roghun--obigarm--nurobod-1040018722.html
Оғози сохтмони роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод: дастури Раҳмон барои назорати ҷиддии сифат
Оғози сохтмони роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод: дастури Раҳмон барои назорати ҷиддии сифат
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури кишвар ба ниҳодҳои масъул дастур додааст, ки сатҳу сифати корҳоро дар бунёди роҳ ҷиддан назорат кунанд 07.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-07T10:22+0500
2021-06-07T10:22+0500
2021-07-21T14:05+0500
эмомалӣ раҳмон
нуробод
роҳи мошингард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973799_251:0:3892:2048_1920x0_80_0_0_0af4ca580cb6bd9e7b8ab8d7e3c6b960.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар имрӯз зимни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ба сохтмони роҳи мошингарди Роғун- Обигарм-Нуробод оғоз бахшидааст, хабар додааст котиботи раисиҷумҳур.Гуфта мешавад, татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.Лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад, ки бо 150 миллион доллар қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бунёд мешавадДар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда, бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад, ки бо 50 миллион доллар маблағи Бонки Осиёӣ бунёд мешавад.Ҳамчунин тамоми воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардидааст.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар оғози сохтмон гуфтааст, дар назар бояд дошт, ки ин роҳ барои садсолаҳо бунёд мешавад, бинобар ин, зарур аст, ки сифати иҷрои корҳо ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад.Ҳамзамон президент ба роҳбарону масъулони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳоро вазифадор кардааст, ки сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳо ва азхудкунии мақсадноки маблағҳои лоиҳаро таъмин намоянд.
https://sputnik.tj/20210414/roh-obigarm-nurobodro-shirkat-chin-1038427287.html
https://sputnik.tj/20210409/tojikiston-350-million-roh-bozsozi-1035207027.html
https://sputnik.tj/20200201/BATR-baroi-roh-Obigarm-Nurobod-150-mln-dollar-judo-mekunad-1030640768.html
нуробод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973799_706:0:3437:2048_1920x0_80_0_0_951172eee2aee58aae9c9d7cef02774e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, нуробод, роҳи мошингард
эмомалӣ раҳмон, нуробод, роҳи мошингард
Оғози сохтмони роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод: дастури Раҳмон барои назорати ҷиддии сифат
10:22 07.06.2021 (Навсозишуда: 14:05 21.07.2021) Раисиҷумҳури кишвар ба ниҳодҳои масъул дастур додааст, ки сатҳу сифати корҳоро дар бунёди роҳ ҷиддан назорат кунанд
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар имрӯз зимни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ба сохтмони роҳи мошингарди Роғун- Обигарм-Нуробод оғоз бахшидааст, хабар додааст котиботи раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.
Лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.
Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад, ки бо 150 миллион доллар қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бунёд мешавад
Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.
Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда, бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад, ки бо 50 миллион доллар маблағи Бонки Осиёӣ бунёд мешавад.
Ҳамчунин тамоми воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар оғози сохтмон гуфтааст, дар назар бояд дошт, ки ин роҳ барои садсолаҳо бунёд мешавад, бинобар ин, зарур аст, ки сифати иҷрои корҳо ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад.
Ҳамзамон президент ба роҳбарону масъулони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳоро вазифадор кардааст, ки сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳо ва азхудкунии мақсадноки маблағҳои лоиҳаро таъмин намоянд.