https://sputnik.tj/20210409/tojikiston-350-million-roh-bozsozi-1035207027.html
Дар Тоҷикистон бо 350 миллион доллар роҳҳоро бозсозӣ мекунанд
Дар Тоҷикистон бо 350 миллион доллар роҳҳоро бозсозӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар доираи таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, сохтани ду нақби нақлиёти автомобилӣ ва ду пул ба нақша
2021-04-09T20:55+0500
2021-04-09T20:55+0500
2021-04-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
грант
роҳ
нуробод
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102345/25/1023452590_381:678:2816:2048_1920x0_80_0_0_75b05a1ce3d4c309211e45ccadad2282.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар доираи таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, сохтани ду нақби нақлиёти автомобилӣ ва ду пул ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони иншоот аз ҳисоби чор муассисаи байналмилалии молиявӣ сурат мегирад, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Дарозии нақбҳо барои нақлиёт 3,3 километр ва дарозии пулҳо 750 метр хоҳад буд. Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳа 75 километр роҳ, инчунин якчанд пулҳо ва нақбҳо сохта мешаванд. Таҷдид то соли 2025 ба итмом мерасад.Бояд қайд кард, ки роҳи мавҷуда дар минтақаи зериобмонандаи обанбори НБО Роғун ҷойгир аст. Ба гуфтаи мутахассисон, татбиқи ин лоиҳаро пеш аз пур шудани обанбор ба анҷом расонидан лозим аст. Тибқи иттилои Вазорати молия, лоиҳа 350 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллионаш грантҳо мебошанд. Лоиҳа аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Осиёгии Инфраструктураи Инфрект ва Фонди ОПЕК маблағгузорӣ мешавад. Мақомоти Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ ҳудуди 28 миллион долларр ихтисос хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20210221/rohi-Kulob-Muminobod-aznavsozi-1032865620.html
нуробод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102345/25/1023452590_481:466:2590:2048_1920x0_80_0_0_cc593d10e0a6e585eeb144d73dc83ce4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, грант, роҳ, нуробод, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, грант, роҳ, нуробод, ҳамаи хабарҳо
Дар Тоҷикистон бо 350 миллион доллар роҳҳоро бозсозӣ мекунанд
20:55 09.04.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.04.2021) Дар шарқи Тоҷикистон як роҳ бозсозӣ ва ду пул ва як нақб сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар доираи таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, сохтани ду нақби нақлиёти автомобилӣ ва ду пул ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони иншоот аз ҳисоби чор муассисаи байналмилалии молиявӣ сурат мегирад, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дарозии нақбҳо барои нақлиёт 3,3 километр ва дарозии пулҳо 750 метр хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳа 75 километр роҳ, инчунин якчанд пулҳо ва нақбҳо сохта мешаванд. Таҷдид то соли 2025 ба итмом мерасад.
Бояд қайд кард, ки роҳи мавҷуда дар минтақаи зериобмонандаи обанбори НБО Роғун ҷойгир аст.
Ба гуфтаи мутахассисон, татбиқи ин лоиҳаро пеш аз пур шудани обанбор ба анҷом расонидан лозим аст.
Тибқи иттилои Вазорати молия, лоиҳа 350 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллионаш грантҳо мебошанд.
Лоиҳа аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Осиёгии Инфраструктураи Инфрект ва Фонди ОПЕК маблағгузорӣ мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ ҳудуди 28 миллион долларр ихтисос хоҳанд дод.