https://sputnik.tj/20210414/roh-obigarm-nurobodro-shirkat-chin-1038427287.html
Роҳи мошингарди Обигарм-Нурободро ширкати чинӣ месозад
Роҳи мошингарди Обигарм-Нурободро ширкати чинӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Чин ба сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод шурӯъ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти
2021-04-14T13:38+0500
2021-04-14T13:38+0500
2021-04-14T14:20+0500
дар тоҷикистон
роҳ
нбо "роғун"
ширкати чинӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/00/1026690037_0:0:4335:2438_1920x0_80_0_0_4ad4a9b26b8393fa8c40ff81e273538f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон Чин ба сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод шурӯъ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.Ба иттилои манбаъ, дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи ваколатдори ширкати чинии "Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited" Луи Фей қарордод ба имзо расонидааст.Вазорат гуфтааст, ки лоиҳаи мазкур дар се марҳила амалӣ мешавадМарҳилаи аввал сохтмони 30,2 километри роҳи асосии Обигарм - Тагикамарро дар бар мегирад.Пас аз он сохтмони ду нақб бо дарозии 1,6 ва 1,7 километр, инчунин панҷ пули нав ва таҷдиди як пули дигар оғоз мешавад.Гуфта мешавад, арзиши лоиҳа 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад.Сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёди ин роҳ, Гранти Бонки Осиёгии Рушд – 110 миллион доллар, Қарзи Фонди ОПЕК – 40 миллион доллар, Ҳиссаи Ҳукумати ҶТ– 28,1 миллион доллар мебошад.Бояд қайд кард, ки роҳи мавҷуда дар минтақаи зериобмонандаи обанбори НБО Роғун ҷойгир аст.Ба гуфтаи мутахассисон, татбиқи ин лоиҳаро пеш аз пур шудани обанбор ба анҷом расонидан лозим аст, чун ин роҳ Душанберо ба шарқи кишвар мепайвандад.
https://sputnik.tj/20210409/tojikiston-350-million-roh-bozsozi-1035207027.html
https://sputnik.tj/20200114/Bri-Karim-bo-nasbi-trubinaoi-digari-Roun-isme-az-roi-atrofi-on-zeri-ob-meravad-1030540548.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/00/1026690037_0:0:3847:2885_1920x0_80_0_0_60ff9595b489d7afbd6e2cc7f4338869.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, тоҷикистон, роҳ, сохтмон, роғун
чин, тоҷикистон, роҳ, сохтмон, роғун
Роҳи мошингарди Обигарм-Нурободро ширкати чинӣ месозад
13:38 14.04.2021 (Навсозишуда: 14:20 14.04.2021) Ширкати чинӣ ба сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм - Нуробод шурӯъ мекунад
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон Чин ба сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод шурӯъ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи ваколатдори ширкати чинии "Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited" Луи Фей қарордод ба имзо расонидааст.
Вазорат гуфтааст, ки лоиҳаи мазкур дар се марҳила амалӣ мешавад
Марҳилаи аввал сохтмони 30,2 километри роҳи асосии Обигарм - Тагикамарро дар бар мегирад.
Пас аз он сохтмони ду нақб бо дарозии 1,6 ва 1,7 километр, инчунин панҷ пули нав ва таҷдиди як пули дигар оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, арзиши лоиҳа 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёди ин роҳ, Гранти Бонки Осиёгии Рушд – 110 миллион доллар, Қарзи Фонди ОПЕК – 40 миллион доллар, Ҳиссаи Ҳукумати ҶТ– 28,1 миллион доллар мебошад.
Бояд қайд кард, ки роҳи мавҷуда дар минтақаи зериобмонандаи обанбори НБО Роғун ҷойгир аст.
Ба гуфтаи мутахассисон, татбиқи ин лоиҳаро пеш аз пур шудани обанбор ба анҷом расонидан лозим аст, чун ин роҳ Душанберо ба шарқи кишвар мепайвандад.