https://sputnik.tj/20210605/gharqshavi-navras-tojikiston-jasadi-1039992728.html
Ғарқшавии се наврас давоми як рӯз дар Тоҷикистон: танҳо ҷасади якеро ёфтанд
Ғарқшавии се наврас давоми як рӯз дар Тоҷикистон: танҳо ҷасади якеро ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми рӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ се кӯдак ғарқ шудааст, ки то ҳол ҷасади якеро пайдо кардаанд
2021-06-05T14:18+0500
2021-06-05T14:18+0500
2021-06-05T14:18+0500
дар тоҷикистон
кҳф
ғарғ шудан
кӯдакон
оббозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/68/1029876802_0:143:2784:1709_1920x0_80_0_0_8b235104518941ba8e82680d9736fb4b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Ҳамаи ғарқшавиҳо дар дар обанборҳо аз беназоратии калонсолон сурат гирифтааст, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.Ҳамин тавр, санаи 4 июни соати 10:03 ба вақти маҳаллӣ, ба бахши навбатдори КҲФ маълумот расидааст, ки як сокини 10-солаи деҳаи Ҷавони ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар дарёи Ёксу ғарқ шудааст. Гуфта мешавад, барои гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Восеъ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯиро анҷом дода, пас аз 51 дақиқа ҷасади писарак ёфт ва ба хешовандонаш супорида шуд. Ба гузориши КҲФ, ҳодисаи дуюм дар ҳудуди шаҳри Ҳисор рух дода, навраси 13-сола, сокини деҳаи Латахораки ҷамоати деҳоти Хонакоҳи Кӯҳи ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Хонакоҳи Кӯҳӣ ғарқ шудааст.Ҷараёни тез онро дар зарфи якчанд сония дар зери об пинҳон кардааст. Кормандони шӯъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ фавран ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд, то ҳол натиҷа надодааст. Дар айни замон, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. КҲФ мегӯяд, ҳодисаи сеюм дар қаламрави шаҳри Ваҳдат сабт шудааст. Соати 19:09 ба вақти маҳаллӣ, ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи КҲФ хабар расид , ки як сокини 12-солаи деҳаи Ҷангалободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Коферниган ғарқ шудааст. Гуфта мешавад, кофтукови гурӯҳи наҷотбахшон то ҳол натиҷа надода ҷасад пайдо нашудааст.Тибқи иттилои рн ниҳод, тайи 5 моҳи соли 2021 дар обанборҳои кишвар 34 нафар ғарқ шуданд, ки аз он 14 кӯдакон ва наврасони то 16-сола будаанд.Дар робита ба ин ҳолатҳо Кумита аз волидон қатъи даъват ба амал овардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
https://sputnik.tj/20210529/du-gharqshuda-sir-obbozi-1039835857.html
https://sputnik.tj/20210528/dushanbe-navras-najot-1039807167.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/68/1029876802_158:0:2626:1851_1920x0_80_0_0_548543487124eddc25a2b8ff350a1ae0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқшавӣ наврас тоҷикистон ҷасад кҳф
ғарқшавӣ наврас тоҷикистон ҷасад кҳф
Ғарқшавии се наврас давоми як рӯз дар Тоҷикистон: танҳо ҷасади якеро ёфтанд
Дар давоми рӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ се кӯдак ғарқ шудааст, ки то ҳол ҷасади якеро пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Ҳамаи ғарқшавиҳо дар дар обанборҳо аз беназоратии калонсолон сурат гирифтааст, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, санаи 4 июни соати 10:03 ба вақти маҳаллӣ, ба бахши навбатдори КҲФ маълумот расидааст, ки як сокини 10-солаи деҳаи Ҷавони ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар дарёи Ёксу ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, барои гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Восеъ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯиро анҷом дода, пас аз 51 дақиқа ҷасади писарак ёфт ва ба хешовандонаш супорида шуд.
Ба гузориши КҲФ, ҳодисаи дуюм дар ҳудуди шаҳри Ҳисор рух дода, навраси 13-сола, сокини деҳаи Латахораки ҷамоати деҳоти Хонакоҳи Кӯҳи ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Хонакоҳи Кӯҳӣ ғарқ шудааст.Ҷараёни тез онро дар зарфи якчанд сония дар зери об пинҳон кардааст.
Кормандони шӯъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ фавран ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд, то ҳол натиҷа надодааст. Дар айни замон, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
КҲФ мегӯяд, ҳодисаи сеюм дар қаламрави шаҳри Ваҳдат сабт шудааст.
Соати 19:09 ба вақти маҳаллӣ, ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи КҲФ хабар расид , ки як сокини 12-солаи деҳаи Ҷангалободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Коферниган ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, кофтукови гурӯҳи наҷотбахшон то ҳол натиҷа надода ҷасад пайдо нашудааст.
Тибқи иттилои рн ниҳод, тайи 5 моҳи соли 2021 дар обанборҳои кишвар 34 нафар ғарқ шуданд, ки аз он 14 кӯдакон ва наврасони то 16-сола будаанд.
Дар робита ба ин ҳолатҳо Кумита аз волидон қатъи даъват ба амал овардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.