Дар Душанбе навраси 16 - соларо аз марг наҷот доданд

© Sputnik / Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Ин наврас сокини 16 - солаи ноҳияи Сино мебошад. Барои аз марг наҷот додани ӯ, ба ҷойи ҳодиса сардори Раёсат муовини ӯ ва дастаи махсуси зудамал сафарбар шуданд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Хабари дар рӯди Душанбе ғарқ шудани як наврасро кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулода соати 15:32 дақиқаи рӯзи 27 май қабул намуданд.
Котиботи кумита хабар медиҳад, наврасро кормандони наҷот расо 23 дақиқа пас аз дарёфти хабар, аз об зинда ва саломат берун оварданд.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Навраси тоҷик дар Русия ба хотири наҷоти мактабхон ғарқ шуд
Ин ҷавон дар дарёи Душанбе оббозӣ намудаву ғарқ шудааст, вале хушбахтона дар садди як бетон дармонду дигар ба тарафе ҳаракат карда натавонист.
Манбаъ мегӯяд, барои аз марг наҷот додани мавсуф, сардори раёсат, муовини ӯ ва дастаи махсуси зудамал ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Наҷотбахшон пас аз берун овардани наврас аз об ӯро ба волидонаш супурданд.
КҲФ аз тамоми меҳмонону шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва ҷони худро дар хатар нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0