https://sputnik.tj/20210529/du-gharqshuda-sir-obbozi-1039835857.html
Ду ғарқшуда дар рӯди Сир давоми як рӯз: дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардаанд
Ду ғарқшуда дар рӯди Сир давоми як рӯз: дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Зарфи як рӯз дар натиҷаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъи Сирдарё ду нафар ғар шудааст
2021-05-29T19:39+0500
2021-05-29T19:39+0500
2021-05-29T19:39+0500
хуҷанд
сирдарё
кҳф
рӯди кофарниҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_613:162:2784:1383_1920x0_80_0_0_fb598d0b8046c2095fa4e9ad9a0ad82c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, яке аз ин афрод 15 сол доштаву дуюмӣ 19 сол, ки зодагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Панҷекат будаанд.Ба иттилои манбаъ, рӯзи 28-уми моҳи майи соли равон, тахминан соати 15:30 дақиқа наҷотдиҳандагони дастаи махсуси наҷоти шаҳри Хуҷанд хабар гирифтаанд, ки як навраси 15-сола дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст.Бегоҳии ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00 хабари ғарқи дарё шудани як шаҳрванди 19-солаи ҷамоати деҳоти Суҷина, деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат расид, мегӯяд КҲФБа гузориши ин ниҳод, ӯ низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ба коми дарё кашидааст, ки наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро низ аз об берун оварданд ва ба мақомти интизомӣ супурданд.Раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон ҳамзамон хабар додааст, ки рӯзи 28 май як сокини 26-солаи деҳаи Лубиёкори ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус, модари ду фарзанд ҳангоми убур аз пули деҳа дар дарёи Кофарниҳон сарозер шудааст.Гуфта мешавад, ӯ сари вақт аз тарафи аҳолии ҷамоати деҳоти Тахти Сангин аз дарё бароварда наҷот дода шудааст.Ёдовар мешавем, қаблан идораи КҲФ дар шаҳри Хуҷанд мавзеъҳои хатарнок барои оббозиро нишонагузорӣ карда, аз сокинон хоста буд, ки ҳангоми оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд.
https://sputnik.tj/20210525/daryoft-jasad-duhtar-daryo-khf-1039711771.html
хуҷанд
сирдарё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_740:0:2784:1533_1920x0_80_0_0_d3c191daf9bb40d6c3910d08377eaad4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқшуда, оббозӣ, сирдарё, кҳф
ғарқшуда, оббозӣ, сирдарё, кҳф
Ду ғарқшуда дар рӯди Сир давоми як рӯз: дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардаанд
Зарфи як рӯз дар натиҷаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъи Сирдарё ду нафар ғар шудааст
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, яке аз ин афрод 15 сол доштаву дуюмӣ 19 сол, ки зодагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Панҷекат будаанд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 28-уми моҳи майи соли равон, тахминан соати 15:30 дақиқа наҷотдиҳандагони дастаи махсуси наҷоти шаҳри Хуҷанд хабар гирифтаанд, ки як навраси 15-сола дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст.
"Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор таслим намуданд", - афзудааст манбаъ.
Бегоҳии ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00 хабари ғарқи дарё шудани як шаҳрванди 19-солаи ҷамоати деҳоти Суҷина, деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат расид, мегӯяд КҲФ
Ба гузориши ин ниҳод, ӯ низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ба коми дарё кашидааст, ки наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро низ аз об берун оварданд ва ба мақомти интизомӣ супурданд.
Раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон ҳамзамон хабар додааст, ки рӯзи 28 май як сокини 26-солаи деҳаи Лубиёкори ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус, модари ду фарзанд ҳангоми убур аз пули деҳа дар дарёи Кофарниҳон сарозер шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ сари вақт аз тарафи аҳолии ҷамоати деҳоти Тахти Сангин аз дарё бароварда наҷот дода шудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан идораи КҲФ дар шаҳри Хуҷанд мавзеъҳои хатарнок барои оббозиро нишонагузорӣ карда, аз сокинон хоста буд, ки ҳангоми оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд.