Тоҷикистон барои Ҷоми миллатҳои Араб сабқат мекунад

© Официальный сайт ФФТМолодежная сборная Таджикистана по футболу
Молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар Ҷоми миллатҳои Араб иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол, бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев барои Ҷоми миллатҳои араб – 2021 зӯрозмоӣ мекунад. Мусобиқаи мазкур аз 20 июн то 6 июл дар Миср баргузор мешавад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба тими ҷавонони Тоҷикистон, футболбозони соли таваллудашон 2003 ва аз он хурд шомил хоҳанд буд.
“Дар натиҷаи қуръакашии Ҷоми миллатҳои араб-2021 миёни ҷавонони то 20-сола, мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” ворид гардид. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Марокаш (20 июн), АМА (23 июн) ва Ҷибутӣ (26 июн) ҳастанд”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Сабқати футбол дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Пирӯзии дастаи "Помирэнерҷӣ" дар сабқти футбол дар Хоруғ
Манбаъ афзуд, дар Ҷоми миллатҳои араб-2021 15 дастаи мунтахаби ҷавонон дар 4 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба плей-офф роҳхат мегиранд. Дар сурате ки тими ҷавонони Тоҷикистон ба чорякфинал барояд, бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “А” вомехӯрад, ки Миср, Нигер, Мавритания ва Алҷазоирро дар бар мегирад.
Кумитаи олимпӣ таъкид намуд, ки бозии финалии Ҷоми миллатҳои араб-2021 миёни ҷавонон (U-20) 6-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0