Пирӯзии дастаи "Помирэнерҷӣ" дар сабқти футбол дар Хоруғ

© Раёсати кор бо ҷавонони ВМКБСабқати футбол дар шаҳри Хоруғ
Сабқати футбол дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Обуна шудан
Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабқати футбол миёни маҳаллаҳои шарҳр, ки се моҳ идома кард ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон байни ҷавонони шаҳри Хоруғ сабқати футбол баргузор шуд.
Комментаторы матча Таджикистан - Кыргызстан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
FIFA барои ҳузури 10 ҳазор мухлиси футбол дар варзишгоҳ иҷозат дод
Дар ин бора Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшjy хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо ибтикори Мақомоти ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Оғохон оид ба масоили ҷавонон ва варзиш дар ВМКБ тайи 3 моҳ давом ёфт.
Дар ин сабқат ҷавонон аз тарафи Мақомоти вилоят, шаҳри Хоруғ, ширкатҳои мобилии Тсел, Мегафон, Вабилон, ширкати барқии "Помирэнерҷӣ", андоз, Раёсати тандурустӣ Раёсати стандартизатсия ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо маблағи пулӣ ва либосҳои варзишӣ дастгирӣ ёфта, ҷавонони шаҳр фаъолона дар мусобиқаи мазкур иштирок намуданд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои "Тандурустӣ" ва "Помирэнерҷӣ" бо ҳам рақобат намуда, бо ҳисоби 3:1 варзишгарони дастаи "Помирэнерҷӣ" ғолибият ба даст оварданд.
Варзишгарони дастаи Мегафон дар ин мусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Манбаъ афзуда, ки инчунин зиёда аз 30 дучархаи нави замонавӣ ба иштирокчиёни мусобиқаи мазкур тақдим карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0