Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоӣ пас аз як рӯзи қоҳишёбӣ, дубора мавқеи пешинро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 евро дар кишвар имрӯз 13.8195 сомонӣ муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ, ки ҳафтаи гузашта ба нишондоди рекордӣ (1 евро бар ивази 13.8636 сомонӣ) расид, рӯзи гузашта коҳиш ёфта, 1 евро 13,7447 сомонӣ фурӯхта мешуд, аммо имрӯз боз ба 13.8195 сомонӣ баробар шуд.
Асъори русӣ тайи чанд ҳафтаи ахир устувориро нишон дода, 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1539 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Қарори Ҳукумат барои гирифтани миллиардҳояш аз “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.8195 то 13.9500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1539 то 0.1560 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0