https://sputnik.tj/20210601/daromadi-ramazon-qodirov-ziyod-shud-1039899986.html
Даромади Рамазон Қодиров дар ду сол 50 маротиба зиёд шудааст
Даромади Рамазон Қодиров дар ду сол 50 маротиба зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Даромади Қодиров нисбат ба даромади умумии нӯҳ ҳокими дигари минтақаҳои гуногуни Русия бештар аст
2021-06-01T21:00+0500
2021-06-01T21:00+0500
2021-07-21T18:45+0500
чеченистон
рамазон қодиров
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/15/1031607433_0:38:1281:758_1920x0_80_0_0_1d0909918f01aa51c6ca0ac79ef4e0dd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар охири соли 2020 сарватмандтарин ҳокими Русия ба ҳисоб меравад. Дар ин бора "Открытые медиа" хабар медиҳад.Ҳамин тавр, тибқи феҳристи манбаъ дар тӯли 12 моҳи охир даромади Қодиров беш аз 381 миллион рублро ташкил додааст. Дар ин феҳрист дар ҷои дувум ҳокими минтақаи Марий Эл Александр Евстифеев ҷой гирифтааст, ки даромадаш ҳамагӣ 84,7 миллион рублро ташкил медодааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо даромади роҳбари Чеченистон фарқияти назаррас дорад.Ҷои сеюмро дар даҳгонаи сарватмандарин ҳокимҳои Русия ҳокими вилояти Маскав Андрей Воробёв ишғол кардааст. Даромади ӯ 79,8 миллион рубл будааст. Ғайр аз ин се нафар ба даҳгонаи сарватмандтарин ҳокимҳои Русия роҳбарони зерини ворид шуданд: - Игорь Артамонов – вилояти Липецк (69,2 миллион рубл);- Александр Усс – сарзамини Красноярск (30,1 миллион рубл);- Дмитрий Артюхов – Ноҳияи худгардони Ямало-Ненитс (25,2 миллион рубл);- Дмитрий Азаров – вилояти Самара (наздик ба 24 миллион рубл);- Олег Кожемяко – сарзамини Приморск (23,6 миллион рубл);- Валерий Лимаренко – вилояти Сахалинск (20,7 миллион рубл);- Антон Алиханов – вилояти Калининград (20,4 миллион рубл).Ҳамин тавр, даромади Қодиров аз даромади умумии 9 ҳокими Русия болотар будааст. Тибқи эъломияи роҳбари Чеченистон, даромади ӯ дар зарфи ду сол 50 маротиба афзоиш ёфтааст.Дар соли 2020, ӯ тақрибан 381,19 миллион рубл, дар соли 2019 - 148 миллион даромад ба даст овардааст. Аммо дар соли 2018 бошад даромади Қодиров аз 10 миллион рубл зиёд набуд.Тибқи эъломия, роҳбари Чеченистон соҳиби ду қитъаи замин бо масоҳати 3668 ва 28 361 метри мураббаъ ва масоҳати манзили зани ӯ 209,8 метри мураббаъ мебошад.Маълум аст, ки нисбат ба соли 2019 амволи ғайриманқули Қодиров тағир наёфтааст. Роҳбари Чеченистон дорои 11 кӯдаки ноболиғ будааст.
https://sputnik.tj/20210528/qodirov-rasonaho-muholif-putin-1039821936.html
чеченистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/15/1031607433_48:0:1185:853_1920x0_80_0_0_919247b9e0edbbd4c587752f93b9973e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чеченистон, даромад, рамазон қодиров, афзоиш
тоҷикистон, чеченистон, даромад, рамазон қодиров, афзоиш
Даромади Рамазон Қодиров дар ду сол 50 маротиба зиёд шудааст
21:00 01.06.2021 (Навсозишуда: 18:45 21.07.2021) Даромади Қодиров нисбат ба даромади умумии нӯҳ ҳокими дигари минтақаҳои гуногуни Русия бештар аст
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар охири соли 2020 сарватмандтарин ҳокими Русия ба ҳисоб меравад. Дар ин бора
"Открытые медиа" хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, тибқи феҳристи манбаъ дар тӯли 12 моҳи охир даромади Қодиров беш аз 381 миллион рублро ташкил додааст. Дар ин феҳрист дар ҷои дувум ҳокими минтақаи Марий Эл Александр Евстифеев ҷой гирифтааст, ки даромадаш ҳамагӣ 84,7 миллион рублро ташкил медодааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо даромади роҳбари Чеченистон фарқияти назаррас дорад.
Ҷои сеюмро дар даҳгонаи сарватмандарин ҳокимҳои Русия ҳокими вилояти Маскав Андрей Воробёв ишғол кардааст. Даромади ӯ 79,8 миллион рубл будааст. Ғайр аз ин се нафар ба даҳгонаи сарватмандтарин ҳокимҳои Русия роҳбарони зерини ворид шуданд:
- Игорь Артамонов – вилояти Липецк (69,2 миллион рубл);
- Александр Усс – сарзамини Красноярск (30,1 миллион рубл);
- Дмитрий Артюхов – Ноҳияи худгардони Ямало-Ненитс (25,2 миллион рубл);
- Дмитрий Азаров – вилояти Самара (наздик ба 24 миллион рубл);
- Олег Кожемяко – сарзамини Приморск (23,6 миллион рубл);
- Валерий Лимаренко – вилояти Сахалинск (20,7 миллион рубл);
- Антон Алиханов – вилояти Калининград (20,4 миллион рубл).
Ҳамин тавр, даромади Қодиров аз даромади умумии 9 ҳокими Русия болотар будааст. Тибқи эъломияи роҳбари Чеченистон, даромади ӯ дар зарфи ду сол 50 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2020, ӯ тақрибан 381,19 миллион рубл, дар соли 2019 - 148 миллион даромад ба даст овардааст. Аммо дар соли 2018 бошад даромади Қодиров аз 10 миллион рубл зиёд набуд.
Тибқи эъломия, роҳбари Чеченистон соҳиби ду қитъаи замин бо масоҳати 3668 ва 28 361 метри мураббаъ ва масоҳати манзили зани ӯ 209,8 метри мураббаъ мебошад.
Маълум аст, ки нисбат ба соли 2019 амволи ғайриманқули Қодиров тағир наёфтааст. Роҳбари Чеченистон дорои 11 кӯдаки ноболиғ будааст.