https://sputnik.tj/20210528/qodirov-rasonaho-muholif-putin-1039821936.html
Қодиров гуфт, расонаҳо мехоҳанд ӯро чун мухолифи Путин нишон диҳанд
Қодиров гуфт, расонаҳо мехоҳанд ӯро чун мухолифи Путин нишон диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон мегӯяд, хабарнигорон пешниҳоди ӯ дар мавриди эмгузаронӣ алайҳи коронавирусро дуруст дарк накарданд ва қасдан онро таҳриф намуданд
2021-05-28T20:21+0500
2021-05-28T20:21+0500
2021-05-28T20:50+0500
тандурустӣ
чеченистон
изҳорот
рамазон қодиров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/25/1030572500_0:0:2759:1552_1920x0_80_0_0_0166d279af7529d5397d0dd82b3dc866.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон мегӯяд, хабарнигорон пешниҳоди ӯ дар мавриди эмгузаронӣ алайҳи коронавирусро дуруст дарк накарданд ва қасдан онро таҳриф намудаву ӯро мухолифи кишвардори Русия Владимир Путин нишон доданӣ ҳастанд.Қаблан роҳбари Чеченистон пешниҳод кард, ки дар ҳар як ноҳия нуқтаҳои махсуси фаҳмондадиҳӣ дар бораи зарурати ваксингирӣ таъсис дода шавад.Ӯ ҳамчунин гуфта буд, нафароне, ки пас аз ин суҳбатҳо ҳамоно аз ваксин гирифтан саркашӣ мекунанд, дар сурати ниёз пайдо кардан ба ёрии тиббӣ дар қатори аз ҳама охирон ҷо дода шаванд.Ба изҳори ӯ, ваксин гирифтан ҳоло ягона роҳи пешгирӣ аз мавҷи навбатии коронавирус аст. "Аз ин рӯ, ҳеҷ чизи аҷибе дар он нест, ки ман нисбати эмгузаронӣ назари ҷиддӣ дорам. Зеро бетаваҷҷӯҳии ман метавонад боис ба сар задани мавҷи нави беморӣ дар ҷумҳурӣ гардад, ки дар натиҷа садҳо нафар қурбон мешаванд", - шарҳ додааст роҳбари Чеченистон.Қодиров ҳамчунин афзуд, ки худро пиёдааскари Путин меҳисобад ва "агар ӯ раисиҷумҳур ҳам намебуд, барои иҷрои фармонаш, ба хотири вазифа дар назди ӯ, омодааст ҳазорҳо километрро роҳро пиёда тай кунад ва новобаста аз ҳар мушкилӣ онро иҷро кунад".
чеченистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/25/1030572500_24:0:2755:2048_1920x0_80_0_0_e42633b8ac112e042c17980b55459db8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон қодиров, ваксин, владимир путин
рамазон қодиров, ваксин, владимир путин
Қодиров гуфт, расонаҳо мехоҳанд ӯро чун мухолифи Путин нишон диҳанд
20:21 28.05.2021 (Навсозишуда: 20:50 28.05.2021) Роҳбари Чеченистон, Рамазон Қодиров аз хабарнигорон интиқод намуд ва онҳоро ба он муттаҳам кард, ки ӯро мехоҳанд ҳамчун мухолифи Путин нишон диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон мегӯяд, хабарнигорон пешниҳоди ӯ дар мавриди эмгузаронӣ алайҳи коронавирусро дуруст дарк накарданд ва қасдан онро таҳриф намудаву ӯро мухолифи кишвардори Русия Владимир Путин нишон доданӣ ҳастанд.
Қаблан роҳбари Чеченистон пешниҳод кард, ки дар ҳар як ноҳия нуқтаҳои махсуси фаҳмондадиҳӣ дар бораи зарурати ваксингирӣ таъсис дода шавад.
Ӯ ҳамчунин гуфта буд, нафароне, ки пас аз ин суҳбатҳо ҳамоно аз ваксин гирифтан саркашӣ мекунанд, дар сурати ниёз пайдо кардан ба ёрии тиббӣ дар қатори аз ҳама охирон ҷо дода шаванд.
"Ман маънои изҳороти худро рӯшан мекунам, зеро баъзе аз рӯзноманигорон чораҳои зидди коронавирус дар Ҷумҳурии Чеченистонро ба тарзи худ тафсир намуданд. Шояд дар дигар маврид ман ҳатто кӯшиши ҷавоб додан ба ҷоҳилонро намекардам, вале ҳоло, ки мехоҳанд маро чун мухолифи Сарфармондеҳи Олӣ нишон диҳанд, зарур шуморидам ба онҳо посух гӯям", - навштааст дар Қодиров дар Telegram.
Ба изҳори ӯ, ваксин гирифтан ҳоло ягона роҳи пешгирӣ аз мавҷи навбатии коронавирус аст.
"Аз ин рӯ, ҳеҷ чизи аҷибе дар он нест, ки ман нисбати эмгузаронӣ назари ҷиддӣ дорам. Зеро бетаваҷҷӯҳии ман метавонад боис ба сар задани мавҷи нави беморӣ дар ҷумҳурӣ гардад, ки дар натиҷа садҳо нафар қурбон мешаванд", - шарҳ додааст роҳбари Чеченистон.
Қодиров ҳамчунин афзуд, ки худро пиёдааскари Путин меҳисобад ва "агар ӯ раисиҷумҳур ҳам намебуд, барои иҷрои фармонаш, ба хотири вазифа дар назди ӯ, омодааст ҳазорҳо километрро роҳро пиёда тай кунад ва новобаста аз ҳар мушкилӣ онро иҷро кунад".