Омодагии Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз тарҳҳои энергетикаи таҷдидпазир дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Simone D. McCourtie / World Bank / World Bank Main Complex buildingВсемирный банк, офис в Вашингтоне
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
Муовини Бонки Ҷаҳонӣ аз омодагии ин ниҳод барои тавлиди энергетикаҳои таҷдидпазир дар Тоҷикистон хабар дод.
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз тарҳҳои энергетикаи таҷдидпазир дар Тоҷикистон, изҳор омодагӣ кард.
Муовини Бонки Ҷаҳонӣ аз омодагии ин ниҳод барои тавлиди энергетикаҳои таҷдидпазир дар Тоҷикистон хабар дод.
Анна Берди дар сафари хеш ба Тоҷикистон ва дидор бо мақомоти ин кишвар эълом кард, ки Бонки ҷаҳонӣ омодааст дар тарҳҳои тавлиди энергетикаҳои таҷдидпазир кӯмак хоҳад кард.
Вай гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир мезони сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дар бахшҳои энергетикаи Тоҷикистон 500 миллион доллар мебошад.
Вид с плотины Нурекской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Вазорати энергетика рафти навсозии НБО Норакро тафтиш кард
Мақомоти Тоҷикистон барнома доранд, ки то соли 2030 саҳми тавлиди барқ аз манобеи таҷдидпазирро ба 10 дар сад аз кулли тавлиди барқи ин кишвар расонанд.
Ба ин манзур барномаи тавлиди панелҳои хуршедӣ дар дохили ин кишвар дар дастури кор мебошад.
Бар асоси муҳосиботи донишмандон дар Тоҷикистон заминаи тавлиди солона 3 миллиард килловат соат барқ аз энергетикаи хуршед ва 25 миллиард килловат соат аз нерӯи бод вуҷуд дорад, ки дар сурати ҷазби сармояи хориҷӣ ва насби таҷҳизот метавон бахше аз ин зарфияти азимро мавриди истифода қарор дод.
Ба гуфтаи Баҳруллоҳ Абдуллоев мудири ширкати "фанновариҳои сабз" ба далели кӯҳистонӣ будани аксарияти қаламрави Тоҷикистон кашидани хутути интиқоли барқ ва насби трансформаторҳо ба рустоҳои дурдаст, кори пурҳазина мебошад, ки ҷойгузин кардани манобеи тавлиди барқи таҷдидпазир ба маротиб ба сарфа хоҳад буд.
Бештар
Лентаи хабарҳо
0