Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Захмиёни даргирии марзии Қирғизистону Тоҷикистон ба зудӣ аз беморхонаҳо мураххас мешаванд

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Обуна шудан
Феълан 15 нафар дар Бишкек, Ӯш ва вилояти Бодканд табобат мегиранд. Як беморро ба Туркия фиристоданд.
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Ба зудӣ ҳамаи захмиёни муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон аз беморхонаҳо рухсат мешаванд, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон бо такя ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон.
Қирғизистон теъдоди умумии захмиёнро 168 нафарро арзёбӣ мекунад, 36 нафар ҷон аз даст додаанд.
Феълан 15 нафар дар беморхонаҳои Бишкек, Ӯш ва вилояти Бодканд табобат мегиранд ва интизор меравад, ки онҳо ба зудӣ мураххас шаванд. Боз як бемор барои табобат ба Туркия фиристода шудааст.
Медаль Эрдик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Президенти Қирғизистон марзбонҳои кушташуда дар сарҳад бо Тоҷикистонро қадрдонӣ кард
Панҷ нафар ҷабрдидаҳо аллакай барои рухсат шудан аз беморхонаи миллӣ омодагӣ мегиранд. Ба гуфти мудири шӯъбаи нейрошикастабандии No2 Талант Ҷабборов, ду нафари онҳоро ҷарроҳӣ карданд, вазъи онҳо мӯътадил шуд. Як нафар бо бинии шикаста низ ҷарроҳӣ карда шуд.
"Мо онҳоро пурра муоина кардем, табобат гузаронидем ва рӯзҳои наздик ҷавоб медиҳем", - гуфт Ҷабборов.
Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ ёдовар шуд, ки тибқи қарори Девони вазирон, ҷабрдидагон ва оилаи қурбониён ба пардохти кумаки яквақта ҳуқуқ доранд:
ба оилаҳои қурбониён - як миллион сом;
ба ҷабрдидагон - аз 50 ҳазор то 100 ҳазор сом, вобаста аз дараҷаи захмӣ ва осеб.
Ёдрас мешавем, ки ҳамчунин барои далерӣ ва мардонагӣ, ҳангоми адои вазифа се марзбони фавтидаи қирғиз, бо медалҳои "Эрдик" қадрдонӣ шуданд.

Таниш ва созиши Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Разрушенные дома после столкновений между таджиками и кыргызами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Харобиҳои танишҳои марзӣ - акс
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳибмулки он расман муайян нашудааст.
Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт. Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.
Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулодда баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.
Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Юртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?
То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрд.
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша мубаддал мегардад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, тарафҳо натавонистанд тақдири беш аз 70 қитъаи баҳснокро ҳал кунанд.
Лентаи хабарҳо
0