“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?

© SputnikЮртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ
Юртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Обуна шудан
Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷойгоҳи вижа дорад, аммо шояд гӯшаи ториктарини он аст, қабл аз ҳама ба он хотир ки таҳти шуоъи қазияи Воруху дигар қисматҳои Исфара қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Воқеан, он чӣ дар Овчиқалъача то ба ин дам иттифоқ афтодааст, акси садои ҳаводисе будааст, ки дар марзи Исфараву Бодканд рух медиҳанд. Аз ҷумла даргирие, ки ҳаволии зуҳри 29 апрел дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара иттифоқ афтод, соати 5 –у ними баъди зуҳри он рӯз дар Овчиқалъача идома пайдо кард.
Ин аввалин даргирии неруҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистонтайи беш аз сӣ соли баҳсҳои марзиашон аст, ки тамоми имтидоди марзи баҳсиро фаро гирифт ва дар он техникаи низомӣ ба кор бурда шуд.
Дар Овчиқалъача низ мардум солҳо ба ин сӯ дар як ҳолати номуайянӣ ба сар мебаранд ва нозири як гуна, ба истилоҳ, “экспансияи хазанда” – и қирғизҳои ҳамсояашон мебошанд.

Акаев – мубтакири экспансия

Бино ба шаҳодати сокинони куҳансоли Овчиқалъача, аввалин қирғизҳои ин маҳал ҳанӯз дар оғози асри гузашта пайдо шуданд, ки аз сӯи сарватмандон барои бонӣ кардани рамаҳояшон киро шуда буданд. Онҳо ҳамагӣ ду-се хонавода буданд. Ҳоло набераву абераҳои онҳо мардуми таҳҷоӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Аммо тухми низоъҳои марзӣ бо Қирғизистон дар ин минтақаро, ба гумони ағлаб, ноогоҳона солҳои 50 – уми асри гузашта, пас аз хатми Ҷанги Бузурги ватанӣ кошта буданд. Ҳудуди ду ҳазор ҷавонмарди Овчиқалъача ба ҷанг рафта, қариб нисфашон барнагаштанд ва ҷамоат ба камбуди нерӯи корӣ мувоҷеҳ шуд.
Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ?
“Он замон давлат барои чарогоҳҳо андоз мегирифт. Баъд аз ҷанг пардохти он барои ҷамоат гарон афтод. Роҳбарони вақти ҷамоату ноҳия барои он ки бори пардохти андозро аз дӯши хоҷагиҳо дур кунанд, ҳудуди 75 ҳазор гектар чарогоҳро барои истифодаи 60 – сола дар ихтиёри Қирғизистон қарор доданд. Аммо ягон санаде дар ин бора имзо нашудааст. Ҳама шифоҳӣ ва дар сатҳи поён. Ҷолиб ин аст, ки соли 1958 давлати Шӯравӣ чарогоҳҳоро аз андоз озод кард. Қирғизҳо солҳои 80 – ум ин заминҳоро ҳуҷҷат карда, ба ҳузури Ғоибназар Паллаев, раиси Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон мераванд, то таъйиди парлумони моро гиранд, аммо пешниҳоди онҳо рад мегардад. Ҳоло он 60 сол гузашта, заминҳо бояд ба Тоҷикистон баргардонида шаванд”, - гуфт Мазбутҷон Маҳмудҷонов, яке аз пирамардони деҳа.
Афроде, ки ҳудуди 40 сол доранд, мегӯянд, дар даврони бачагӣ то ҳудудҳои Исфана – маркази ноҳияи Лайлак молбонӣ мерафтанд ва имрӯз дар он ҷойҳо ҳатто тоҷиконе зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.
© SputnikҶамоати Овчиқалъача, ки ҳаммарзи Қирғизистон аст
Ҷамоати Овчиқалъача, ки ҳаммарзи Қирғизистон аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Ҷамоати Овчиқалъача, ки ҳаммарзи Қирғизистон аст
“Он замон, ки ҳама дар як давлат – Иттиҳоди Шӯравӣ – зиндагӣ мекардем, ин гапҳо бузург набуданд ва ҳеҷ кас дар қиссаи марз ҳам набуд. На мо ва на қирғизҳо”, - гуфт Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчиқалъача.
Тамоми муҳосабаҳоро як иқдоми Аскар Акаев, президенти вақти Қирғизистон, ба куллӣ барбод дод. Ӯ моҳи октябри соли 1995 ба марз омада, як хонаи финӣ аз тахта бунёд ва деҳаи имрӯзаи Мақсадро дар шафати деҳаи Қалъача поягузорӣ кард. Ҳамон замон қирғизҳо дар як шаб қариб 30 боб аз ҳамин гуна хонаҳои чубӣ сохта, саросемавор ба мардуми таҳҷоӣ, ки умдатан ӯзбекҳои шаҳрванди Қирғизистонанд, то 50 сотих замин тавзеъ карданд.
“Мо, ки он замон наврас будем, баромада, хонаҳояшонро вайрон кардем ва онҳоро рондем. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи худи мо омада, калонҳои моро бурданд ва барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷаримаву баъзеҳоро то як ҳафта ҳабс карданд. Қирғизҳо руҳ гирифта, ҳудуди 300 хона бунёд намуданд ва ҳамин деҳаи Мақсад, дар шафати Қалъача ба вуҷуд омад”, - гуфт Абдурабеъ, сокини 43 – солаи деҳаи Қалъача.

“Иштиҳои вақти хӯрдан”

Сокинони Овчиқалъача мегӯянд, шурӯъ аз соли 2011 қирғизҳо нерӯҳои марзбонии худро дар чарогоҳҳои деҳаи Қалъача, аз қабили Баҳориҷо ва заминҳои “60-сола” мустақар намуда, ба ихтиёри худ марз бастанд ва дигар нагузоштанд, ки мардуми деҳа дар он ҷоҳо молбонӣ кунанд.
Қирғизистон соли 2014 як роҳи мумфаршро ҳам аз деҳаи Арқа, дар марзи Хистеварз ба шаҳри Исфана - маркази ноҳияи Лайлак бунёд намуд. Ин роҳ дуруст аз болои деҳаи Қалъача мегузарад ва ҳоло қирғизҳо амалан онро марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон шумурда, неруҳои марзбонии худро мустақар намудаанд.
“Тавре мегӯянд, иштиҳо ба вақти хӯрдан меояд. Акнун тасаввур кунед, ки қирғизҳо тамоми қаламрави баҳсиро он тарафи роҳ гузошта, онро марзи собити худ медонанд ва акнун ба заминҳои худи деҳаи Қалъача даъво мекунанд. Аз нигоҳи онҳо, ҳудуди 36 гектар замини мактаби деҳа бо варзишгоҳаш баҳсӣ аст ва умедворанд, ки онро аз мо хоҳанд гирифт. Гузашта аз ин, хати сарҳадро онҳо дар комбинати гӯшт, 15 километри дигар дар дохили Тоҷикистон мебинанд”, - гуфт Абдуҳамид Одинаев.
Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, Қирғизистон бо шеваҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо кардани замини ройгон ва кӯмаки пулӣ барои сохтмон шаҳрвандонашро ба манотиқӣ марзӣ интиқол дода, ҳатто барояшон юртаҳои муваққатӣ месозад ва хӯрду хӯрокашонро ҳам таъмин мекунад.
© SputnikЮртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ
Юртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Юртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ
“Аммо аксари онҳо аз хавфи даргириҳои марзӣ ва ҳам гармии тоқатфарсои дашт мераванд. Дар ҳамсоягии ман, хато накунам, қариб 20 нафар тайи ду-се соли ахир омада, чун бо вазъ ошно шуданд, ҳамаро раҳо карданду рафтанд, аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки бахти худро месанҷанд”, - гуфт Абдувалӣ, сокини 44 – солаи марзнишини Қалъача.

Шаҳодатҳои таъриху табиат

Ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон то соли 1924 дар ҳайати уезди Хуҷанди губернияи Самарқанди генерал-губернетории Туркистони империяи Русия қарор дошт. Соли 1917 дар пайи суқути империяи Русия округи Хуҷанд ба ҳайати Ҷумҳурии худмухтори ТуркистониФедератсияишӯравии сотсиалистии Русия, пас аз соли 1924 то 1929 – соли таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон - дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Волости Исфана, ҳоло ноҳияи Лайлак, ки умдатан ӯзбеку тоҷикнишин буд, соли 1925 ба ҳайати Вилояти худмухтори Қароқирғизи Федератсияишӯравии сотсиалистии Русия ворид шуд.
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“На ину на он”: “Головное” бояд аз кӣ бошад?
Сокинони Овчиқалъача мегӯянд, нишонаҳои тоҷикнишин будани як қисмати бузурги ноҳияи Лайлакро қабл аз ҳама дар номҳои ҷуғрофии он метавон дид. Худи номи ноҳияву маркази маъмуриии Лайлак– шаҳри Исфана ва ҳам як қатор номҳои ҷуғрофӣ, аз қабили Овчии Куҳна, Моргум, Андархам, Дархум, Чорбоғ, Равот, Қатрон, Шодимир ва ғайра решаҳои тоҷикӣ доранд. Дар худи деҳаи Қалъача маҳаллае ба номи Муғ ҳаст, ки қадомати ин деҳаро, ба бовари сокинон, ба даврони тоисломӣ мебарад.
Овчиқалъача соли 1929 ҳамчун ҷамоат таъсис ёфта, бо ҷамоати Қулондии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон 20 километр марзи муштарак дорад. Аҳолиаш 25 ҳазор нафар буда, аз аҳолии Қулонди (беш аз 10 ҳазор) зиёд аст. Дар Овчиқалъача умдатан тоҷикон (86%) ва бақия ӯзбекҳо (13%) - ву қирғизҳо (3%) зиндагӣ мекунанд.
“Аз 8 деҳаи он (Қалъача, Овчӣ, Шайхон, Деҳнав, Пахтаобод, Боғпарвар, Себзор, Наврӯз) се деҳа - Пахтаобод, Овчӣ ва Қалъача бо Қирғизистон марзи муштарак доранд, аммо баҳси марзӣ фақат миёни Қалъача ва деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак аст”, - гуфт Абдуҳамид Одинаев.
Ба истиснои шавоҳиди таърихӣ ва зичии аҳолӣ он чӣ ба қадомати деҳоти Овчиқалъача ишора мекунад, шавоҳиди табииянд. Аз ҷумла дарахтҳои саффедор, бед, зардолу, себи зиёде мавҷуданд, ки аз кундаҳои бузурги онҳо мешавад синну солашонро маълум кард. Ҳамчунин дарахтон дар деҳаи қирғизии Мақсад дида намешаванд.
© SputnikДарахтони кущансол, санадҳои табиӣ
Дарахтони кущансол, санадҳои табиӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Дарахтони кущансол, санадҳои табиӣ
Ба тахмини ҳамсӯҳбатони мо, дар асл ҳадди ақал то 15 километр дохили хоке, ки қирғизҳо қаламрави худ меҳисобанд, бино ба шавоҳиди таърихӣ, сарзаминҳои тоҷикӣ маҳсуб мешаванд.Аммо дар ин бора ҳеҷ санади мактуб нест, магар харитаҳои солҳои 1924 ва 1927, ки ду кишвар ҳоло рӯи мизи музокироти марзӣ гузоштаанд. Ин харитаҳо чӣ ривоят мекунанд, низ ба ҳайатҳои ҳукуматӣ маълум аст.

Анҷоми “экспансия”?

Аммо ҳамоно суол ин аст, ки чаро Тоҷикистон то ин замон ба Қирғизистон иҷоза дод, то қаламрави баҳсиро марзбандӣ кунад?
Аз ҳамон соли 1995, ки сокинони Қалъачааввалин хонаҳои чубии деҳаи Мақсадро барандохтанд, то рӯзҳои моҳеҷ яке аз онҳо ҳақ надошт, ки дар марз хона ё ягон иншооти дигар созад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон онҳоеро, ки алайҳи қирғизҳо даст ба иқдом мезаданд ва ҳатто ҳарфе ба забон меоварданд, муҷозот мекарданд.
© SputnikСохтмони хона аз ҷониби қирғизҳо дар минтақаи баҳсӣ
Сохтмони хона аз ҷониби қирғизҳо дар минтақаи баҳсӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Сохтмони хона аз ҷониби қирғизҳо дар минтақаи баҳсӣ
“Масалан, қирғиз ҳақ дошт, ки дар қаламрави баҳсӣ хона созад, аммо тоҷик чунин ҳақро надошт. Кор ба ин ҷо кашид, ки қирғизҳо сокинони Қалъачаро маҷбур карданд, хонаи худро тарк кунанд ва худ хонаро соҳиб шуданд. Низомиёни қирғиз ба қаламрави деҳа ворид шуда, дар боми манзили як сокини деҳаи Қалъача парчами Қирғизистонро заданд. Ҳатто Оқил Оқилов, сарвазири вақти Тоҷикистон, ба қирғизҳо иҷоза дод, ки дар роҳ ба дарғоти Хоҷа Бақирғон як пул бунёд кунанд. Акнун қирғизҳо ин пулро ҳудуди худ меҳисобанд. Оё ман дар Бишкек як хона созам, он шаҳр ҳудуди Тоҷикистон хоҳад шуд? Мақомот аз мо талаб мекарданд, ки хомӯш бошем ва мо хомӯш будем”, - гуфт як сокини Қалъача.
Мазбутҷон Маҳмудҷонов, ки худ собиқаи кор дар мақомоти прокуратураро дорад, мегӯяд, хомӯшӣ ё беамалии мақомоти Тоҷикистон бедалел набуд.
“Солҳои 90-ум Қирғизистон танҳо масире буд, ки убуру мурури колову шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни мушкилӣ анҷом меёфт. Мо бо дигар кишварҳои ҳамсоя мушкил доштем ва маҷбур будем, нозу нузи қирғизҳоро бардорем. Қирғизҳо низ ин вазъро дуруст дарк карда, ҳар чӣ тавонистанд, ба қаламрави мо хазиданд ва ҳар куҷоро хостанд, марзбандӣ карданд. Ҳоло вазъ тағйир хӯрдааст”, - гуфт ӯ.
Сокинони Овчиқалъача мегӯянд, даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аввалин посухи маҳками Тоҷикистон ба экспансияи ҳамсояаш буд, ки Овчиқалъача яке аз маҳалҳои доғ ба шумор мерафт.
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон постгоҳҳои полис таъсис ёфтанд
Дар пайи ин даргириҳо як сокини ин ҷамоат ба ҳалокат расида, 15 тани дигар, аз ҷумла сарбозу афсарони қисмҳои низомии нерӯҳои марзбонӣ захм бардоштанд. 63 хонаи мардум зарар дид, аз ҷумла ду хона пурра сӯхт ва камтарин зиён 500 сомонӣ ҳисоб шуда, бинои мактаби деҳа, ба ҳисоби расмӣ, аз ҳама зиёд - 17 ҳазор сомонӣ хисорот дидааст.
Ҳоло сокинони Овчиқалъача умедворанд, ки кор ба як даргирии дигар намекашад ва комиссияи муштараки байниҳукуматии тасвир ва аломатгузории марзҳо дар ин баҳсҳо нуқтаи таммат хоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0