Хистеварз танҳо минтақаест, ки аз даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хисорот надид

Маҳалли шафати он, ки минтақаи баҳсӣ ба ҳисоб меравад ва дар ихтиёри қирғизҳо буд, гувоҳи бештарин харобиҳои он рӯз буд

Минтақаи марзии миёни Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Арқаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон манзараи ҳузнангезе дорад.

Ин танҳо минтақаест, ки осори даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳифз кардааст.

Тақрибан 60 мағозаву дӯкон, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва манозиле, ки дар ин масир ба чашм мехӯранд ва ба қирғизҳои Арқаву ҳатто тоҷикони Хистеварз тааллуқ доштанд, сӯхтаву валангор шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ аксари онҳо аз сӯи худи қирғизҳо ва бархе ҳам аз сӯи афроди ғоратгар ҳангоми даргириҳои марзӣ ҳам сӯзонда, ҳам чӯру чаповул шудаанд

Вақте миёни низомиёни тоҷику қирғиз тирпаронӣ ба вуқуъ пайваст, тамоми бошандагони ин маҳал, шурӯъ аз кормандони марокизи савдову нуқтаҳои сӯзишворӣ, ки шаҳрвандони Қирғизистон буданд, рӯ ба фирор оварданд.

Оқибатҳои таниши марзии Тоҷикистону Қирғизистон.

Ман бо чашми худ дидам, ки як қирғизи корманд ё соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Осман Ойл” онро ба оташ кашиду фирор кард, мегӯяд як сокини маҳаллӣ.

Бино ба қавли шоҳидон, ҷавононе, ки он рӯз ба сӯхтану чӯру чаповул машғул буданд, ҳатто казинои Абдуқодир ном як тоҷири хистеварзиро низ ғорат карда, оташ заданд.

Ин казино ҳам дар қаламрави баҳсӣ ҷойгир аст ва дида мешавад, ки аз дарун оташ гирифтааст

Даргириҳои рӯзи 29 апрел хисороти чашмрасе ба сокинон ва зерсохторҳои ҷамоат надоштанд, аммо танҳо мушкиле, ки пеш омад, воҳима дар миёни мардум ва тарки манзил кардани онҳо буд.

Рӯзи 21 май дар Хистеварз ягон шаҳрванд ё мошини тамғаи Қирғизистон мушоҳида намешуд, аммо ду рӯз як – ду мошини тамғаи қирғизӣ пайдо шуданд.

Зоҳиран, дар ин масире, ки ҳаракату тиҷорат дар гузашта ҷӯш мезад, ба ин зудӣ чеҳраи қаблии худро барқарор намекунад

Интизории сокинони Хистеварз ин аст, ки музокироти кишварҳо ба як ҷое мерасад ва дигар кор ба ҳаводисе, назири 29 апрел, нахоҳад кашид.

Манзиле, ки валангор шудааст
Манзиле, ки валангор шудааст