https://sputnik.tj/20210528/bahshoi-marzi-khistevarz-qabr-padar-sarvazir-tojikiston-1039824025.html
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ?
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Хистеварз танҳо минтақаест, ки аз даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хисороти ҷиддӣ надидааст, аммо маҳалли шафати он, ки минтақаи баҳсӣ ба... 28.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-28T22:02+0500
2021-05-28T22:02+0500
2021-06-24T13:34+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040402119_0:0:1639:922_1920x0_80_0_0_8b95981c291cbd843ad82149134f29ee.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Канори рости роҳи Хуҷанд – Исфара дар минтақаи марзии миёни Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Арқаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Тоҷикистон манзараи ҳузнангезе дорад. Ин танҳо минтақаест, ки осори даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳифз кардааст. Тақрибан 60 мағозаву дӯкон, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва манозиле, ки дар ин масир ба чашм мехӯранд ва ба қирғизҳои Арқаву ҳатто тоҷикони Хистеварз тааллуқ доштанд, сӯхтаву валангор шудаанд. Қирғизистон мехоҳад ба сокинони наздимарзияш силоҳ диҳад - Тоҷикистон чӣ посух хоҳад додСокинони маҳал мегӯянд, аксари онҳо аз сӯи худи қирғизҳо ва бархе ҳам аз сӯи афроди ғоратгар ҳангоми даргириҳои марзӣ ҳам сӯзонда, ҳам чӯру чаповул шудаанд. Асадбек, сокини деҳаи Хистеварз, як шоҳиди ҳаводиси он рӯз ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақте миёни низомиёни тоҷику қирғиз тирпаронӣ ба вуқуъ пайваст, тамоми бошандагони ин маҳал, шурӯъ аз кормандони марокизи савдову нуқтаҳои сӯзишворӣ, ки шаҳрвандони Қирғизистон буданд, рӯ ба фирор оварданд.Онҳо дари мағозаҳоро шикаста, ҳар чӣ дар онҳо буд? ба мошинҳо бор ва ба чор тараф фирор карданд. Ман нафаҳмидам, ки онҳо ҳам қирғиз буданд, ё аз шаҳрвандони мо. То ин ки вазъият ба эътидол омад, ҳамаро сӯхтаву ғорат карда буданд, афзуд вай.Бино ба қавли шоҳидон, ҷавононе, ки он рӯз ба сӯхтану чӯру чаповул машғул буданд, ҳатто казинои Абдуқодир ном як тоҷири хистеварзиро низ ғорат карда, оташ заданд. Ин казино ҳам дар қаламрави баҳсӣ ҷойгир аст ва дида мешавад, ки аз дарун оташ гирифтааст. Оромгоҳи баҳсӣ Миёни Хистеварзу Арқа як масҷиди ҷанозахонӣ ва дар паси он қабристони бузурге воқест. Аз рӯи катибаҳои сангҳои мазори ин оромгоҳ метавон хулоса кард, ки онҳо сокинони деҳаи Хистеварзанд. Аммо сокинони ин деҳа мегӯянд, қирғизҳо чанд соли ахир барои қабр кардани ҷанозаҳо иҷоза намедоданд, ба ин далел ки ин қабристон дар замини онҳост. Боздошти ҷавондухтарони қирғиз барои даъвати “халосшавӣ аз тоҷикон” - видео“Дар ин қабристон қариб 100 сол мешавад, ки мардуми мо қабр мешавад. Масалан, падару модари ман ин ҷо хок шудаанд”, - гуфт Асадбек.Вақте хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо катибаҳои ин оромгоҳ ошно мешуд, ба се қабре дучор омад, ки ба наздикони Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон, тааллуқ доштанд. Дар яке Абдуқоҳир Назиров, бобо ва Абдурасул Назиров, падар, дигарӣ, Муҳаббат Охунова, модар ва сеюмӣ, Абдувалӣ Назиров, бародари сарвазири Тоҷикистон ба хоби абад хуфтаанд.Қоҳир Расулзода аз соли 2013 ба ин сӯ Сарвазири Тоҷикистон, фардест, ки борҳо бо мақомоти қирғиз мулоқот кардааст. Аммо суол ин ҷост, ки қабри наздикони ӯ ва ҳамдеҳагонаш дар қаламрави Қирғизистон хоҳанд монд ё дар ҳудуди Тоҷикистон хоҳанд буд? Роҳи фаслИн ва дигар суолҳо аз раёсати ҷамоати деҳоти Хистеварз пурсидем. Ӯктамҷон Ҷӯраев, раиси 26 – солаи ҷамоат, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, оромгоҳи Хистеварз ба ҳеҷ ваҷҳ дар минтақаи баҳсӣ ҳам несту ба Қирғизистон ҳам тааллуқ надорад. Ҷамоати Хистеварз 24 км марз бо Қирғизистон дорад ва сокинонаш то ҳудуди 5 километри дохили хоки Қирғизистон, ба шумули заминҳои “60 – сола” – ро, ки ҷамоати Овчиқалъача низ онро аз худ медонад, баҳсӣ мешуморанд. Воҳимаи шаби 29 апрелБа қавли раиси ҷамоати Хистеварз даргириҳои рӯзи 29 апрел хисороти чашмрасе ба сокинон ва зерсохторҳои ҷамоат надоштанд, аммо танҳо мушкиле, ки пеш омад, воҳима дар миёни мардум ва тарки манзил кардани онҳо буд. “Он бегоҳ касе овоза мекунад, ки ҳозир қирғизҳо ба деҳаи Хистеварз ҳамла меоранд ва мардум бояд ҳар чӣ оҷил хонаҳои худро тарк кунанд. Мо аз ҷумлаи ҷавонону фаъолони ҷамоат гурӯҳҳо ташкил карда, онҳоро барои корҳои фаҳмондадиҳӣ эъзом кардем, то ба мардум фаҳмонанд, ки ҳеҷ гапе нест, дар хонаҳояшон бимонанд ва ин кори гурӯҳҳои ғоратгар аст, ки мехоҳанд аз вазъият истифода бурда, хонаҳои мардумро чӯру чаповул кунанд”, - гуфт Ӯктамҷон Ҷӯраев.Рӯзи 21 май дар Хистеварз ягон шаҳрванд ё мошини тамғаи Қирғизистон мушоҳида намешуд, аммо ду рӯз як – ду мошини тамғаи қирғизӣ пайдо шуданд.Зоҳиран, дар ин масире, ки ҳаракату тиҷорат дар гузашта ҷӯш мезад, ба ин зудӣ чеҳраи қаблии худро барқарор намекунад, аммо интизории сокинони Хистеварз ин аст, ки музокироти кишварҳо ба як ҷое мерасад ва дигар кор ба ҳаводисе, назири 29 апрел, нахоҳад кашид.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040402119_0:0:1229:922_1920x0_80_0_0_0d54bcf21ee76fd652fb68c4612df3a7.jpg.webp Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ? 22:02 28.05.2021 (Навсозишуда: 13:34 24.06.2021 )
Хистеварз танҳо минтақаест, ки аз даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хисороти ҷиддӣ надидааст, аммо маҳалли шафати он, ки минтақаи баҳсӣ ба ҳисоб меравад ва дар ихтиёри қирғизҳо буд, гувоҳи бештарин харобиҳои он рӯз буд
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Канори рости роҳи Хуҷанд – Исфара дар минтақаи марзии миёни Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Арқаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Тоҷикистон манзараи ҳузнангезе дорад.
Ин танҳо минтақаест, ки осори даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳифз кардааст. Тақрибан 60 мағозаву дӯкон, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва манозиле, ки дар ин масир ба чашм мехӯранд ва ба қирғизҳои Арқаву ҳатто тоҷикони Хистеварз тааллуқ доштанд, сӯхтаву валангор шудаанд.
Сокинони маҳал мегӯянд, аксари онҳо аз сӯи худи қирғизҳо ва бархе ҳам аз сӯи афроди ғоратгар ҳангоми даргириҳои марзӣ ҳам сӯзонда, ҳам чӯру чаповул шудаанд.
Асадбек, сокини деҳаи Хистеварз, як шоҳиди ҳаводиси он рӯз ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақте миёни низомиёни тоҷику қирғиз тирпаронӣ ба вуқуъ пайваст, тамоми бошандагони ин маҳал, шурӯъ аз кормандони марокизи савдову нуқтаҳои сӯзишворӣ, ки шаҳрвандони Қирғизистон буданд, рӯ ба фирор оварданд.
“Ман бо чашми худ дидам, ки як қирғизи корманд ё соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Осман Ойл” онро ба оташ кашиду фирор кард. Як инфиҷори муҳибе рух дод, ки ҳамаро ба ҳарос овард. Ба яктаи дигараш фурсаташ нарасид. Дар ин ҳангом ҷавононе аз куҷое пайдо шуданд”, - гуфт Асадбек.
Онҳо дари мағозаҳоро шикаста, ҳар чӣ дар онҳо буд? ба мошинҳо бор ва ба чор тараф фирор карданд. Ман нафаҳмидам, ки онҳо ҳам қирғиз буданд, ё аз шаҳрвандони мо. То ин ки вазъият ба эътидол омад, ҳамаро сӯхтаву ғорат карда буданд, афзуд вай.
Бино ба қавли шоҳидон, ҷавононе, ки он рӯз ба сӯхтану чӯру чаповул машғул буданд, ҳатто казинои Абдуқодир ном як тоҷири хистеварзиро низ ғорат карда, оташ заданд. Ин казино ҳам дар қаламрави баҳсӣ ҷойгир аст ва дида мешавад, ки аз дарун оташ гирифтааст.
Миёни Хистеварзу Арқа як масҷиди ҷанозахонӣ ва дар паси он қабристони бузурге воқест. Аз рӯи катибаҳои сангҳои мазори ин оромгоҳ метавон хулоса кард, ки онҳо сокинони деҳаи Хистеварзанд.
Аммо сокинони ин деҳа мегӯянд, қирғизҳо чанд соли ахир барои қабр кардани ҷанозаҳо иҷоза намедоданд, ба ин далел ки ин қабристон дар замини онҳост.
“Дар ин қабристон қариб 100 сол мешавад, ки мардуми мо қабр мешавад. Масалан, падару модари ман ин ҷо хок шудаанд”, - гуфт Асадбек.
Дар оромгоҳ бо ду қабре метавон дучор омад, ки ба наздикони Қоҳир Расулзода, Cарвазири Тоҷикистон, тааллуқ доштанд.
Вақте хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо катибаҳои ин оромгоҳ ошно мешуд, ба се қабре дучор омад, ки ба наздикони Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон, тааллуқ доштанд. Дар яке Абдуқоҳир Назиров, бобо ва Абдурасул Назиров, падар, дигарӣ, Муҳаббат Охунова, модар ва сеюмӣ, Абдувалӣ Назиров, бародари сарвазири Тоҷикистон ба хоби абад хуфтаанд.
© Sputnik Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода
© Sputnik Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода
© Sputnik Оромгоҳи Нозиров Абдурасул Қоҳирзода Оромгоҳи Нозиров Абдурасул Қоҳирзода
© Sputnik Оромгоҳи Нозиров Абдували Абдурасулович Оромгоҳи Нозиров Абдували Абдурасулович
© Sputnik Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода
© Sputnik Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода
© Sputnik Оромгоҳи Нозиров Абдурасул Қоҳирзода Оромгоҳи Нозиров Абдурасул Қоҳирзода
Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода
Оромгоҳи наздикони Қоҳир Расулзода
Оромгоҳи Нозиров Абдурасул Қоҳирзода
Оромгоҳи Нозиров Абдували Абдурасулович
Қоҳир Расулзода аз соли 2013 ба ин сӯ Сарвазири Тоҷикистон, фардест, ки борҳо бо мақомоти қирғиз мулоқот кардааст. Аммо суол ин ҷост, ки қабри наздикони ӯ ва ҳамдеҳагонаш дар қаламрави Қирғизистон хоҳанд монд ё дар ҳудуди Тоҷикистон хоҳанд буд?
Ин ва дигар суолҳо аз раёсати ҷамоати деҳоти Хистеварз пурсидем. Ӯктамҷон Ҷӯраев, раиси 26 – солаи ҷамоат, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, оромгоҳи Хистеварз ба ҳеҷ ваҷҳ дар минтақаи баҳсӣ ҳам несту ба Қирғизистон ҳам тааллуқ надорад.
“Дар куҷо дидед, ки қабристони як кишвар дар кишвари дигар бошад? Ҳамин қабристон аз он хонаву манзиле, ки қирғизҳо дар Арқа сохтаанд, даҳҳо сол пештар бунёд шудааст. Қирғизҳо ҳатто ба ҳамин роҳи Исфара – Хуҷанд ҳам даъво карда, як замон хостанд, ки онро таъмир кунанд ва гӯянд, ки соҳиби ин роҳанд. Мо ба онҳо ин иҷозаро надодем”, - гуфт Ӯктамҷон Ҷӯраев.
Ҷамоати Хистеварз 24 км марз бо Қирғизистон дорад ва сокинонаш то ҳудуди 5 километри дохили хоки Қирғизистон, ба шумули заминҳои “60 – сола” – ро, ки ҷамоати Овчиқалъача низ онро аз худ медонад, баҳсӣ мешуморанд.
Ба қавли раиси ҷамоати Хистеварз даргириҳои рӯзи 29 апрел хисороти чашмрасе ба сокинон ва зерсохторҳои ҷамоат надоштанд, аммо танҳо мушкиле, ки пеш омад, воҳима дар миёни мардум ва тарки манзил кардани онҳо буд.
“Он бегоҳ касе овоза мекунад, ки ҳозир қирғизҳо ба деҳаи Хистеварз ҳамла меоранд ва мардум бояд ҳар чӣ оҷил хонаҳои худро тарк кунанд. Мо аз ҷумлаи ҷавонону фаъолони ҷамоат гурӯҳҳо ташкил карда, онҳоро барои корҳои фаҳмондадиҳӣ эъзом кардем, то ба мардум фаҳмонанд, ки ҳеҷ гапе нест, дар хонаҳояшон бимонанд ва ин кори гурӯҳҳои ғоратгар аст, ки мехоҳанд аз вазъият истифода бурда, хонаҳои мардумро чӯру чаповул кунанд”, - гуфт Ӯктамҷон Ҷӯраев.
Бо ин вуҷуд, ба қавли шоҳидон, он шаб як теъдод аз мардуми Хистеварз манозили худро тарк карда, ба шаҳри Хуҷанд фирор мекунанд, аммо раиси ҷамоат мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз дуздиву ғорат отрядҳои мардумӣ ташкил шуд, то аз молу ҷони мардум ҳифозат кунанд.
Рӯзи 21 май дар Хистеварз ягон шаҳрванд ё мошини тамғаи Қирғизистон мушоҳида намешуд, аммо ду рӯз як – ду мошини тамғаи қирғизӣ пайдо шуданд.
Зоҳиран, дар ин масире, ки ҳаракату тиҷорат дар гузашта ҷӯш мезад, ба ин зудӣ чеҳраи қаблии худро барқарор намекунад, аммо интизории сокинони Хистеварз ин аст, ки музокироти кишварҳо ба як ҷое мерасад ва дигар кор ба ҳаводисе, назири 29 апрел, нахоҳад кашид.