https://sputnik.tj/20210518/marz-tojikiston-qirghiziston-postgoh-polis-1039518509.html
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон постгоҳҳои полис таъсис ёфтанд
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон постгоҳҳои полис таъсис ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон ҳамакнун постгоҳи полис таъсис дада шуд
2021-05-18T13:00+0500
2021-05-18T13:00+0500
2021-05-18T14:29+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
ифтитоҳи постгоҳи нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/37/1030893714_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_7aca9e5dcee84013276688b3092cf650.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон пас аз дидор дар минтақаи марзии ду кишвар дар бораи таъсиси посгоҳҳои полис дар марзи фармондории Ворухи ноҳияи Исфара ва рустоҳои Оқсойи вилояти Ботканд ба тавофуқ расиданд.Бар хабари "Аки пресс", Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Олимбоев пас аз озодии 6 нафар аз атбои ду кишвар, ки дар минтақаи марзӣ боздошт шуда буданд, тасмим гирифтанд барои ҷилавгирӣ аз такрори ин ҳаводис дар марзи байни Воруху Оқсой постгоҳҳои полис мустақар шавад.Манбаъ меафзояд, ҷониби Тоҷикистон инчунин ваъда додааст. ки шахсони гумонбар дар боздошту латукӯби шаҳрвандони Қирғизистон муайян ва муҷозот мекунад.Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар деҳаҳои Ворух ва Оқсой се нафарӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуданд. Аммо пас аз гуфтушунидҳо, шаҳрвандони дар марз боздоштшуда озод карда шуданд.Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти Ворух ба Исфара ҳаракат дошт, дар ҳудуди деҳаи Оқсой таваққуф кардааст, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир, манъ аст.Аммо, аз мақомоти Исфара гуфтанд, дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Тоҷикистонро аз мошини "Газел" фароварда ва гаравгон гирифтанд.
https://sputnik.tj/20210509/navjuvonov-vazir-qirghiziston-vohurd-1039342986.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/37/1030893714_0:0:721:541_1920x0_80_0_0_990ba143f5264e6e45806fda6de41179.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, постгоҳ
тоҷикистон, қирғизистон, марз, постгоҳ
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон постгоҳҳои полис таъсис ёфтанд
13:00 18.05.2021 (Навсозишуда: 14:29 18.05.2021) Миёни Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон ҳамакнун постгоҳи полис таъсис дада шуд
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон пас аз дидор дар минтақаи марзии ду кишвар дар бораи таъсиси посгоҳҳои полис дар марзи фармондории Ворухи ноҳияи Исфара ва рустоҳои Оқсойи вилояти Ботканд ба тавофуқ расиданд.
Бар
хабари "Аки пресс", Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Олимбоев пас аз озодии 6 нафар аз атбои ду кишвар, ки дар минтақаи марзӣ боздошт шуда буданд, тасмим гирифтанд барои ҷилавгирӣ аз такрори ин ҳаводис дар марзи байни Воруху Оқсой постгоҳҳои полис мустақар шавад.
Манбаъ меафзояд, ҷониби Тоҷикистон инчунин ваъда додааст. ки шахсони гумонбар дар боздошту латукӯби шаҳрвандони Қирғизистон муайян ва муҷозот мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар деҳаҳои Ворух ва Оқсой се нафарӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуданд. Аммо пас аз гуфтушунидҳо, шаҳрвандони дар марз боздоштшуда озод карда шуданд.
Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти Ворух ба Исфара ҳаракат дошт, дар ҳудуди деҳаи Оқсой таваққуф кардааст, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир, манъ аст.
Аммо, аз мақомоти Исфара гуфтанд, дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Тоҷикистонро аз мошини "Газел" фароварда ва гаравгон гирифтанд.