https://sputnik.tj/20210528/qirghiziston-sokinoni-nazdimarzi-siloh-dushanbe-posuh-1039799934.html
Қирғизистон мехоҳад ба сокинони наздимарзияш силоҳ диҳад - Тоҷикистон чӣ посух хоҳад дод
Қирғизистон мехоҳад ба сокинони наздимарзияш силоҳ диҳад - Тоҷикистон чӣ посух хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба парлумони Қирғизистон тарҳе пешниҳод шудааст, ки мақсади он мусаллаҳсозии сокинони наздимарзист. Аммо, ин иқдом метавонад на танҳо вокуниши Душанберо ба бор орад, балки ба амнияти дохили кишвар низ таҳдид кунад
2021-05-28T09:00+0500
2021-05-28T09:00+0500
2021-07-29T13:41+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101447/84/1014478439_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_16fc8f9d156e05a9603b42fb4cd6a0ba.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Гурӯҳи вакилони Жогорку Кенеш лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи комиссарҳои сарҳадӣ" -и соли 2015-ро барои баррасии умум пешниҳод карданд, ки тибқи он сокинон бо мақоми махсуси "комиссарони сарҳадӣ" метавонанд барои таъмини якпорчагии давлат ҷалб карда шаванд. Ва агар қаблан чунин ашхос ба хадамоти марзбонии Қирғизистон танҳо иттилоот ва дастгирии шаҳрвандӣ мерасонданд, ҳоло мехоҳанд онҳоро мусаллаҳ кунанд. Мувофиқи нақшаи вакилон, комиссарони сарҳад бояд соле на камтар аз ду маротиба аз таълими махсус ва таълими ҳарбӣ гузаранд, пас аз он онҳо на танҳо ҳуқуқи истифодаи силоҳ, балки кафолатҳои давлатиро барои таъмини амнияти ҳаёт ва кӯмаки тиббӣ мегиранд.Ваколатдорони марзии боэътимодМуаллифони лоиҳа пинҳон намедоранд, ки онҳо онро дар пасманзари ҳодисаи ахир дар марз пас аз машваратҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ омода кардаанд. Ҳарчанд ин иқдом табиӣ аст, вале он на танҳо барои сулҳи ба қарибӣ барқароршуда дар минтақаҳои наздимарзӣ, балки барои амнияти худи Қирғизистон низ хавфҳои калон дорад. "Пешниҳоди парлумони Қирғизистонро пешгӯӣ кардан душвор аст, аммо агар тасмиме гирифта шавад, пас он ду нуқс дорад. Аз як тараф посухи Тоҷикистон, ки метавонад ҳузури низомии худро дар марз густариш диҳад. Аммо муҳимтар аз ҳама таҳдид мекунад, ки агар силоҳ ба таври номуносиб истифода шавад, вазъи ҷинояткорӣ дар дохили кишвар афзоиш хоҳад ёфт", - мегӯяд Андрей Казантсев, сармуҳаққиқи Институти МГИМО оид ба таҳқиқоти байналмилалӣ.Бо назардошти басомад ва усулҳои тағйирёбии қудрат дар Қирғизистон тавассути табаддулотҳо, мушкилоти ба дасти "хато" ворид кардани силоҳ метавонад барои мақомоти феълӣ назар ба тирандозӣ дар марз хеле хатарноктар гардад.Хотиррасон кардан кофист, ки моҳи октябри соли гузашта задухӯрдҳо байни ҷонибдорони Содир Ҷапаров ва президенти собиқ Алмосбек Отамбоев аз гирдиҳамоӣ ва сангпартоӣ ба ҳамдигар оғоз ёфта, бо тирпарронӣ ва ҷорӣ кардани режими фавқулодда дар Бишкек анҷом ёфт. Вакилон ба душворӣ наметавонанд дарк кунанд, афроде, ки мусаллаҳ мешаванд дафъаи дигар барои посух аз вакилони мардум дар даст силоҳ ба парлумон намеояд. Ва ин барои шибҳанизомиён қиммати бисёр машкук аст. Аммо ҳатто агар одамони автомату силоҳдор 100% ба мақомот садоқатманд бошанд ҳам, кафолат дода намешавад, ки ҳар кадоми онҳо онро танҳо барои муҳофизат истифода хоҳанд бурд, на барои иғво дар марз. "Агар чунин ташаббус тасдиқ карда шавад, он дар ҳалли низоъҳои марзӣ бинобар хатари истифодаи нодурусти силоҳ мушкилоти муайянеро пеш меорад. Зеро фарқи хеле калон вуҷуд дорад, ки силоҳро истифода мекунад - шахсони низомии касбӣ, ки инро меомӯзанд, оинномаро медонанд ва мефаҳманд, ки кай истифода бурдани он имконпазир аст, ё шаҳрвандон, гарчанде ваколатдор бошанд", - боварӣ дорад Станислав Притчин, ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии назди Институти миллии тадқиқотии иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии ба номи Э.М. Примакови Академияи илмҳои РусияИн тарсу ҳарос бештар вазнинтар аст, зеро шумораи ҳадди аксар шаҳрвандоне, ки ба онҳо чунин мақом додан мумкин аст, ба ҳеҷ ваҷҳ пешбинӣ нашудаанд. Ин маънои онро дорад, ки бо хоҳиш ва ҳамоҳангии шахсони масъул метавонад дар сарҳад афроди зиёде бо силоҳ ва кафолати давлатӣ, аммо ниятҳои норӯшан пайдо шаванд.Тоҷикистон оромиро нигоҳ медорадДар мавриди вокуниши ҳамсоя, коршиносон муътақиданд, ки Душанбе аз посухи айнӣ худдорӣ хоҳад кард - яъне ғайринизомиёнро дар Ворух ва манотиқи дигари марзӣ мусаллаҳ нахоҳад кард. Якум, мақомоти Тоҷикистон пас аз рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба ҳама гуна ташаккулҳои ғайрирасмии парамилитаристӣ хеле шубҳа доранд. Дуюм, ҳукумат қариб ки намехоҳад ба он расад. Ва дар ин замина, як қадами оқилонатар ва мувофиқтари роҳбарият муттаҳид кардани шумораи каме бештари нерӯҳо дар наздикии қаламравҳои баҳснок мебуд. Танҳо барои ёдоварӣ - артиш ҳар лаҳза омода аст, ки аҳолиро аз иғвоҳои эҳтимолӣ муҳофизат кунад.Дар ниҳоят, аксарияти парлумони Қирғизистон метавонанд бар зидди ислоҳи қонун "Дар бораи комиссарҳои марзӣ" овоз диҳанд, то дубора бо ҳамсоя ҷанҷол накунанд. Гузашта аз ин, Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд ба зудӣ мушкилотро дар марзи дигари хеле хатарнок якҷоя ҳал кунанд, гуфт сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов. "Ҳарчанд байни кишварҳои мо каме таниш вуҷуд дорад, вале ман фикр намекунам, ки ҳоло дар Бишкек ягон кӯшиши мураккаб кардани вазъ ба амал ояд. Пас аз 11 сентябр, вақте ки ИМА нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад, эҳтимол дорад, ки вазъ дар он ҷо шадидан бад шавад ва Осиёи Марказӣ, мисли солҳои 90-ум, бо хатари афзоиши фаъолияти террористӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, дар вазъи Тоҷикистону Қирғизистон формати муколама аз нав шакл мегирад ва ваҳдат дар СААД ба мадди аввал хоҳад омад", - шарҳ дод Мамадазимов ба Sputnik Тоҷикистон. Умедворем, ки ин воқеан ба муколамаи Душанбе ва Бишкек мавзӯъҳои муштарак зам мекунад.
https://sputnik.tj/20210527/qirghizho-chorvo-tojik-hamla-sohib-bozdosht-1039791873.html
https://sputnik.tj/20210524/marz-hifz-tojikiston-qirgiziston-1039692653.html
https://sputnik.tj/20210523/qirghizho-jang-omodagi-marz-tojikiston-aks-1039678655.html
https://sputnik.tj/20210524/bozdoshti-javonduhtaroni-qirghiz-davati-halosshavi-tojikon-video-1039707015.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101447/84/1014478439_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1e5f6ca523363101841322ba31436411.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, сокинон, наздимарзӣ, силоҳ, душанбе,посух
қирғизистон, сокинон, наздимарзӣ, силоҳ, душанбе,посух
Қирғизистон мехоҳад ба сокинони наздимарзияш силоҳ диҳад - Тоҷикистон чӣ посух хоҳад дод
09:00 28.05.2021 (Навсозишуда: 13:41 29.07.2021) Ба парлумони Қирғизистон тарҳе пешниҳод шудааст, ки мақсади он мусаллаҳсозии сокинони наздимарзист. Аммо, ин иқдом метавонад на танҳо вокуниши Душанберо ба бор орад, балки ба амнияти дохили кишвар низ таҳдид кунад
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Гурӯҳи вакилони Жогорку Кенеш лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи комиссарҳои сарҳадӣ" -и соли 2015-ро барои баррасии умум пешниҳод карданд, ки тибқи он сокинон бо мақоми махсуси "комиссарони сарҳадӣ" метавонанд барои таъмини якпорчагии давлат ҷалб карда шаванд.
Ва агар қаблан чунин ашхос ба хадамоти марзбонии Қирғизистон танҳо иттилоот ва дастгирии шаҳрвандӣ мерасонданд, ҳоло мехоҳанд онҳоро мусаллаҳ кунанд.
Мувофиқи нақшаи вакилон, комиссарони сарҳад бояд соле на камтар аз ду маротиба аз таълими махсус ва таълими ҳарбӣ гузаранд, пас аз он онҳо на танҳо ҳуқуқи истифодаи силоҳ, балки кафолатҳои давлатиро барои таъмини амнияти ҳаёт ва кӯмаки тиббӣ мегиранд.
Ваколатдорони марзии боэътимод
Муаллифони лоиҳа пинҳон намедоранд, ки онҳо онро дар пасманзари ҳодисаи ахир дар марз пас аз машваратҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ омода кардаанд.
Ҳарчанд ин иқдом табиӣ аст, вале он на танҳо барои сулҳи ба қарибӣ барқароршуда дар минтақаҳои наздимарзӣ, балки барои амнияти худи Қирғизистон низ хавфҳои калон дорад.
"Пешниҳоди парлумони Қирғизистонро пешгӯӣ кардан душвор аст, аммо агар тасмиме гирифта шавад, пас он ду нуқс дорад. Аз як тараф посухи Тоҷикистон, ки метавонад ҳузури низомии худро дар марз густариш диҳад. Аммо муҳимтар аз ҳама таҳдид мекунад, ки агар силоҳ ба таври номуносиб истифода шавад, вазъи ҷинояткорӣ дар дохили кишвар афзоиш хоҳад ёфт", - мегӯяд Андрей Казантсев, сармуҳаққиқи Институти МГИМО оид ба таҳқиқоти байналмилалӣ.
Бо назардошти басомад ва усулҳои тағйирёбии қудрат дар Қирғизистон тавассути табаддулотҳо, мушкилоти ба дасти "хато" ворид кардани силоҳ метавонад барои мақомоти феълӣ назар ба тирандозӣ дар марз хеле хатарноктар гардад.
Хотиррасон кардан кофист, ки моҳи октябри соли гузашта задухӯрдҳо байни ҷонибдорони Содир Ҷапаров ва президенти собиқ Алмосбек Отамбоев аз гирдиҳамоӣ ва сангпартоӣ ба ҳамдигар оғоз ёфта, бо тирпарронӣ ва ҷорӣ кардани режими фавқулодда дар Бишкек анҷом ёфт. Вакилон ба душворӣ наметавонанд дарк кунанд, афроде, ки мусаллаҳ мешаванд дафъаи дигар барои посух аз вакилони мардум дар даст силоҳ ба парлумон намеояд. Ва ин барои шибҳанизомиён қиммати бисёр машкук аст.
Аммо ҳатто агар одамони автомату силоҳдор 100% ба мақомот садоқатманд бошанд ҳам, кафолат дода намешавад, ки ҳар кадоми онҳо онро танҳо барои муҳофизат истифода хоҳанд бурд, на барои иғво дар марз.
"Агар чунин ташаббус тасдиқ карда шавад, он дар ҳалли низоъҳои марзӣ бинобар хатари истифодаи нодурусти силоҳ мушкилоти муайянеро пеш меорад. Зеро фарқи хеле калон вуҷуд дорад, ки силоҳро истифода мекунад - шахсони низомии касбӣ, ки инро меомӯзанд, оинномаро медонанд ва мефаҳманд, ки кай истифода бурдани он имконпазир аст, ё шаҳрвандон, гарчанде ваколатдор бошанд", - боварӣ дорад Станислав Притчин, ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии назди Институти миллии тадқиқотии иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии ба номи Э.М. Примакови Академияи илмҳои Русия
Ин тарсу ҳарос бештар вазнинтар аст, зеро шумораи ҳадди аксар шаҳрвандоне, ки ба онҳо чунин мақом додан мумкин аст, ба ҳеҷ ваҷҳ пешбинӣ нашудаанд. Ин маънои онро дорад, ки бо хоҳиш ва ҳамоҳангии шахсони масъул метавонад дар сарҳад афроди зиёде бо силоҳ ва кафолати давлатӣ, аммо ниятҳои норӯшан пайдо шаванд.
Тоҷикистон оромиро нигоҳ медорад
Дар мавриди вокуниши ҳамсоя, коршиносон муътақиданд, ки Душанбе аз посухи айнӣ худдорӣ хоҳад кард - яъне ғайринизомиёнро дар Ворух ва манотиқи дигари марзӣ мусаллаҳ нахоҳад кард.
Якум, мақомоти Тоҷикистон пас аз рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба ҳама гуна ташаккулҳои ғайрирасмии парамилитаристӣ хеле шубҳа доранд.
Дуюм, ҳукумат қариб ки намехоҳад ба он расад. Ва дар ин замина, як қадами оқилонатар ва мувофиқтари роҳбарият муттаҳид кардани шумораи каме бештари нерӯҳо дар наздикии қаламравҳои баҳснок мебуд. Танҳо барои ёдоварӣ - артиш ҳар лаҳза омода аст, ки аҳолиро аз иғвоҳои эҳтимолӣ муҳофизат кунад.
Дар ниҳоят, аксарияти парлумони Қирғизистон метавонанд бар зидди ислоҳи қонун "Дар бораи комиссарҳои марзӣ" овоз диҳанд, то дубора бо ҳамсоя ҷанҷол накунанд.
Гузашта аз ин, Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд ба зудӣ мушкилотро дар марзи дигари хеле хатарнок якҷоя ҳал кунанд, гуфт сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов.
"Ҳарчанд байни кишварҳои мо каме таниш вуҷуд дорад, вале ман фикр намекунам, ки ҳоло дар Бишкек ягон кӯшиши мураккаб кардани вазъ ба амал ояд. Пас аз 11 сентябр, вақте ки ИМА нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад, эҳтимол дорад, ки вазъ дар он ҷо шадидан бад шавад ва Осиёи Марказӣ, мисли солҳои 90-ум, бо хатари афзоиши фаъолияти террористӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, дар вазъи Тоҷикистону Қирғизистон формати муколама аз нав шакл мегирад ва ваҳдат дар СААД ба мадди аввал хоҳад омад", - шарҳ дод Мамадазимов ба Sputnik Тоҷикистон.
Умедворем, ки ин воқеан ба муколамаи Душанбе ва Бишкек мавзӯъҳои муштарак зам мекунад.