Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад– гузориши вижа
16:35 23.05.2021 (Навсозишуда: 15:34 24.05.2021)
© SputnikСангари бетонӣ дар марзи Қирғизистон - омодагӣ ба ҷанг ё таҳкими марз?
© Sputnik
Обуна шудан
Қирғизистон дар имтидоди қаламрави баҳсӣ дар марз бо Тоҷикистон иншоотҳои ҷангӣ бунёд мекунад. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ин иншоотҳоро аккосӣ кард
ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Сокинони се ҷамоати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки баробари имзои созишномаи оташбас миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва қатъи даргириҳо дар марз ҷониби Қирғизистон ба сохтани иншоотҳо ҷангӣ шуруъ кардааст.
“Дар ҳудудҳои баҳсӣ хандақу сангар (траншея), дот (русӣ: долговременная оборонительная точка – нуқтаи дифоъии дарозмуддат) ва дзот (русӣ: дерево-земляная огневая точка – нуқтаи тирандозии чубӣ - хокӣ) - ҳои сангиву бетонӣ ҳам барои нерӯҳои пиёданизом ва ҳам барои танку артилерия месозанд. Техникаи низомӣ ва сарбозҳо тариқи “Спринтер” – у “Газел” – ҳо шабона ба марз интиқол ва ҷобаҷо мешаванд”, - гуфтанд сокинони ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳ.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дасти кам дар рӯ ба рӯи деҳаи Хоҷаи Аъло, маҳалли шурӯъи даргириҳои 29 апрел ва қаламравҳои атрофи он, маҳаллаи Лангари деҳаи Чоркуҳ ва ҳам соҳили чапи дарёи Исфара, масири Чоркӯҳ – Ворух, ҳамчунин иншоотҳоро мушоҳида ва аккосӣ кард.
Мардуми ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз ҳамчунин ҳаракатҳои низомиёни кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд ба ин вазъ расидагӣ кунад.
“Бубинед, ки дар қаламрави Тоҷикистон мардум ба кишту кор ва навсозии хонаҳои бар асари даргириҳо сӯхтаву валангоршуда машғуланд, аммо ягон шаҳрванди Қирғизистон ба замини худ наздик намешавад ва харобаҳоро барқарор намекунад, баръакс, низомиёнашон гирдогирди Чоркӯҳу Ворух ва Сурху Шаҳрак хандақ мекананду сангар мезананд, нерӯву техникаи ҷангӣ интиқол медиҳанд. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки қирғизҳо ба як ҷанги тамомайёр омодагӣ мебинанд”, - гуфт Усмонхӯҷа Раҳимов, як сокини деҳаи Чоркӯҳ.
Ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара маҳалли аслии даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор омада, бештарин хисоротро низ онҳо ва ҳам маҳаллаҳои қирғизии онҳо мутаҳаммил шудаанд.
© SputnikСокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
1/5
© Sputnik
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
© Sputnik “Дар ҳудудҳои баҳсӣ хандақу сангар (траншея), дот (русӣ: долговременная оборонительная точка – нуқтаи дифоъии дарозмуддат) ва дзот (русӣ: дерево-земляная огневая точка – нуқтаи тирандозии чубӣ - хокӣ) - ҳои сангиву бетонӣ ҳам барои нерӯҳои пиёданизом ва ҳам барои танку артилерия месозанд.
2/5
© Sputnik
“Дар ҳудудҳои баҳсӣ хандақу сангар (траншея), дот (русӣ: долговременная оборонительная точка – нуқтаи дифоъии дарозмуддат) ва дзот (русӣ: дерево-земляная огневая точка – нуқтаи тирандозии чубӣ - хокӣ) - ҳои сангиву бетонӣ ҳам барои нерӯҳои пиёданизом ва ҳам барои танку артилерия месозанд.
© SputnikСокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
3/5
© Sputnik
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
© SputnikДеҳқонзане аз деҳаи Сомониён - намоде аз меҳнат, шарму ҳаё ва модари нигарон
4/5
© Sputnik
Деҳқонзане аз деҳаи Сомониён - намоде аз меҳнат, шарму ҳаё ва модари нигарон
© SputnikСокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
5/5
© Sputnik
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
1/5
© Sputnik
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
2/5
© Sputnik
“Дар ҳудудҳои баҳсӣ хандақу сангар (траншея), дот (русӣ: долговременная оборонительная точка – нуқтаи дифоъии дарозмуддат) ва дзот (русӣ: дерево-земляная огневая точка – нуқтаи тирандозии чубӣ - хокӣ) - ҳои сангиву бетонӣ ҳам барои нерӯҳои пиёданизом ва ҳам барои танку артилерия месозанд.
3/5
© Sputnik
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
4/5
© Sputnik
Деҳқонзане аз деҳаи Сомониён - намоде аз меҳнат, шарму ҳаё ва модари нигарон
5/5
© Sputnik
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон бошад бо идомаи зиндагии муқаррарт пайи кору рӯзгори хешанд
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, дар як суҳбати сарироҳӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳаррукоти низомиёни Қирғизистон таҳти назорати мақомоти зидахли Тоҷикистон қарор дорад.
“Талоши мо бар ин аст, ки масъаларо тариқи роҳҳои мутамаддин ҳал кунем ва кор ба ҷангу ҷанҷоли дигар накашад. Ҳоло бояд мунтазир бошем, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои тасвир ва аломатгузории марзҳо кори худро ба анҷом расонад”, - гуфт
Баҳоваддин Баҳодурзода. 1-2 май ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканд ба мувофиқа расида буданд, ки то 1 июн тамоми корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатии ду кишвар миёни навоҳии Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва навоҳии Лайлаку Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистонро ба пуррагӣ анҷом диҳанд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.