Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баъди нигаронӣ аз "омодагӣ ба ҷанг": Сарвазири Қирғизистон гуфт, марзро мустаҳкам мекунанд

© Правительство Кыргызской РеспубликиПредседатель Кабинета Министров Улукбек Марипов
Председатель Кабинета Министров Улукбек Марипов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки сокинони наздимарзии Тоҷикистон аз "омодагии ҷониби қирғизҳо ба ҷанг" нигаронӣ мекунанд, раиси кобинаи вазирони Қирғизистон гуфт, кишвараш марзро мустаҳкам карда истодааст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Қирғизистон ба мустаҳкамсозии ҳифзи марз пардохт, хабар дод Улуғбек Марипов, раиси кабинаи вазирони ин кишвар дар суҳбат бо сокинони деҳаи Чон Алайи вилояти Ош.
Ӯ таъкид намудааст, ки феълан барои Қирғизистон масъалаи марз аз муҳимтаринҳо мебошад.

"То ҳалли масоили баҳсӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шуданд", - иттилоъ додаст Марипов.

Дар баробари муайянсозию аломатгузории марз мо таҳкими ҳифзи марзҳоро ҳадаф гузоштаем, таъкид намуд раиси Кобинаи вазирон.
Марипов инчунин аз саҳми сокинони наздимарзӣ гуфта, онҳоро қаҳрамон хонд. Ӯ таъмини шароити беҳтарро барои сокинони наздимарзию марзбонҳо ваъда кард.

"Дар масъалаи марз нақши муҳимро сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ мебозанд. Бинобар ин шуморо ба таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунам", - гуфт Марипов.

Раиси Кабинаи вазирон ҳадафи асосии мақомоти Қирғизистонро беҳбуди сатҳи зиндагии мардум хонда, изҳори боварӣ намуд, ки марҳила ба марҳила ҳамаи ҳадафҳо амалӣ хоҳанд шуд.

Нигаронии сокинони Тоҷикистон аз "омодагӣ ба ҷанг"

Таъкиди сарвазири Қирғизистон мустаҳкамсозии марз дар ҳолест, ки сокинони се ҷамоати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд, ки баробари имзои созишномаи оташбас миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва қатъи даргириҳо дар марз ҷониби Қирғизистон ба сохтани иншооти ҷангӣ шуруъ кардааст.
“Дар ҳудудҳои баҳсӣ хандақу сангар (траншея), дот (русӣ: долговременная оборонительная точка – нуқтаи дифоъии дарозмуддат) ва дзот (русӣ: дерево-земляная огневая точка – нуқтаи тирандозии чубӣ - хокӣ) - ҳои сангиву бетонӣ ҳам барои нерӯҳои пиёданизом ва ҳам барои танку артилерия месозанд. Техникаи низомӣ ва сарбозҳо тариқи “Спринтер” – у “Газел” – ҳо шабона ба марз интиқол ва ҷобаҷо мешаванд”, - гуфтанд сокинони ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳ.
Сангари бетонӣ дар марзи Қирғизистон - омодагӣ ба ҷанг ё таҳкими марз? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад– гузориши вижа
Мардуми ҷамоатҳои мазкур ҳамчунин ҳаракатҳои низомиёни кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд ба ин вазъ расидагӣ кунад.

Раиси Исфара: ҳаракати низомиёни қирғиз таҳти назорат аст

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, дар як суҳбати сарироҳӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳаррукоти низомиёни Қирғизистон таҳти назорати мақомоти зидахли Тоҷикистон қарор дорад.
“Талоши мо бар ин аст, ки масъаларо тариқи роҳҳои мутамаддин ҳал кунем ва кор ба ҷангу ҷанҷоли дигар накашад. Ҳоло бояд мунтазир бошем, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои тасвир ва аломатгузории марзҳо кори худро ба анҷом расонад”, - гуфт раиси Исфара.
Таниши ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел сурат гирифт, ки ба даргирии мусаллаҳона печида беш аз 55 кушта ва садҳо маҷруҳро аз ҳарду ҷониб барҷой гузошт.
Лентаи хабарҳо
0