Башор Асад дар интихоботи президентии Сурия пирӯз шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкАкция в поддержку президента Сирии Б. Асада
Акция в поддержку президента Сирии Б. Асада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Асад, ки беш аз 20 сол дар ин мақом аст, барои як ҳафтсолаи дигар интихоб шуд. Пас аз пирӯзӣ дар интихобот, вай оғози марҳилаи нави таърихи кишварро эълон кард
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Дар интихоботи президентии Сурия раҳбари кунунии ин кишвар САР Башор Асад бо дарёфти 95,1% пирӯз шуд.
Дар ин бора раиси парлумони Сурия, Ҳаммуда Саббоҳ хабар додааст.
Интихоботи президентӣ дар Сурия рӯзи 26 май баргузор шуд. Зиёда аз 12000 нуқтаҳои интихоботӣ аз соати 7:00 то нисфи шаб кушода буданд.
Тибқи иттилои расмӣ, овоздиҳӣ дар ҳамаи музофотҳо бидуни қонуншиканӣ сурат гирифтааст.
Ба тарафдории Асад 13 миллиону 540 ҳазору 860 овоз дода шуд, ки ин 95,1% шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Беспилотник заснял разрушенный Хомс в десятую годовщину начала войны в Сирии - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Даҳ сол пас аз ҷанг - наворҳои Ҳумси харобшуда дар Сурия
Дар умум 18 миллиону 107 ҳазору 109 суриягӣ дар интихобот ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд.
Номзади дуввум ба курсии президенти кишвар Маҳмуд Мерӣ буд, ки аз ҷониби ҳизби маҳаллии Ҷабҳаи мухолифини демократӣ пешбарӣ шуда буд. Вай изҳор дошт, ки пирӯзии Асад табиӣ аст ва ӯ ба хоҳишҳои суриягиҳо эҳтиром мегузорад.
Пас аз эълони натиҷаҳо худи Башор Асад ба шаҳрвандон барои "эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва иштироки назаррас дар ин маърака" ташаккур гуфт ва таъкид кард, ки дар таърихи кишвар марҳилаи нав оғоз мешавад.
"Биёед аз фардо як марҳилаи нави корро оғоз кунем, то умеди сохтани Сурияро тавре ки бояд бошад, тақвият диҳем", - гуфт ӯ.
Асад аз соли 2000 президент аст. Пеш аз вай, сарвари давлат падари ӯ Ҳофиз Асад буд. Ҳамакнун Башор ҳафт соли дигар Сурияро раҳбарӣ хоҳад кард.

Даҳ соли хунини Сурияи як замон шукуфон

Ёдовар мешавем Сурия аз кишварҳои замоне шукуфон даҳ сол қабл ба нооромиҳо печид, ки то кунун идома дорад.
Он замон эътирозҳои демократияхоҳон пас аз чанд давлати дигари арабӣ дар Сурия низ сар зад ва пас аз саркуби гирдиҳамоиҳо аз ҷониби низомиёни ҳукуматӣ он ба ҷанги дохилӣ табдил ёфт.
Пострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Чаро кӯдакону занони тоҷик тайи чор сол аз Сурия бар гашта наметавонанд?
Дар ин даҳсола Сурия майдони муборизаҳо ва ташаккули гуруҳҳои терристӣ аз қабили ДИИШ (фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) гардид, ки хунхориву харобкориҳои зиёдро дар пай дошт.
Ба ҳайати гуруҳҳои террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ зиёд шомил шуданд, ки пасон иддае пушаймон шудаву баргаштанд, қисман фавтиданд. Ҳамзамон ҳоло низ дар урдугоҳҳои Сурия занону кӯдакони тоҷик ҳастанд.
Тибқи гузоришҳо, хунинтарин замон дар нооромиҳои Сурия соли 2014 гуфта мешавад, ки тибқи гузоришҳо беш аз 67 ҳазор нафар қатл шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0