https://sputnik.tj/20210316/humsi-syriya-pas-az-dah-sol-1033008896.html
Даҳ сол пас аз ҷанг - наворҳои Ҳумси харобшуда дар Сурия
Даҳ сол пас аз ҷанг - наворҳои Ҳумси харобшуда дар Сурия
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои бесарнишин Ҳумси харобшударо дар даҳумин солгарди оғози ҷанг дар Сурия сабт кард. Видеоро бубинед, ки шаҳри як замон шукуфон ҳоло дар чӣ ҳол қарор... 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T14:06+0500
2021-03-16T14:06+0500
2021-04-10T17:44+0500
видео
сурия
харобшавӣ
ҷанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033009108_1:0:2561:1440_1920x0_80_0_0_45f0aab8e487c5bf0ee930c4496bf1e4.jpg
Даҳ сол пеш дар Сурия амалиётҳои ҷангӣ оғоз ёфта буданд. Дар солгарди сар задани ҷанг ҳавопаймои бесарнишин харобшавии азим дар яке аз шаҳрҳои калонтарини кишвар Ҳумсро ба навор гирифт.Дар видео нишон дода шудааст, ки шаҳр то чӣ андоза хароб шудааст: баъзе қисматҳои он пас аз даргириҳо ва гулӯлаҳо ҳанӯз хароб шудаанд.Вилояти Ҳумс дар соли 2018 аз ҷангиён озод карда шуд ва барқарорсозии шаҳр то ба имрӯз идома дорад.Даҳ сол қабл дар ҳамин моҳ, эътирозҳои демократияхоҳон пас аз чанд давлати дигар дар Сурия низ сар зад ва пас аз саркуби гирдиҳамоиҳо аз ҷониби низомиёни ҳукуматӣ он ба ҷанги дохилӣ табдил ёфт.Дар ин даҳсола Сурия майдони муборизаҳо ва ташаккули гуруҳҳои терристӣ аз қабили ДИИШ (фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) гардид, ки хунхориву харобкориҳои зиёдро дар пай дошт.Ба ҳайати гуруҳҳои террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ зиёд шомил шуданд, ки пасон иддае пушаймон шудаву баргаштанд, қисман фавтиданд. Ҳамзамон ҳоло низ дар урдугоҳҳои Сурия занону кӯдакони тоҷик ҳастанд, ки ахиран Вазорати корҳои хориҷа гуфт талош дорад то имсол онҳоро ба ватан орад. Тоҷикистон беш аз 200 шаҳрвандашро аз Сурия меорад: вазир гуфт, баъзе омадан намехоҳандТибқи гузоришҳо, хунинтарин замон дар нооромиҳои Сурия соли 2014 гуфта мешавад, ки тибқи гузоришҳо беш аз 67 ҳазор нафар қатл шудаанд.
https://sputnik.tj/20210226/suriya-rusiya-kumak-navor-1032892989.html
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033009108_321:0:2241:1440_1920x0_80_0_0_7c9bb9a0ad694c3418a7655c7d7d5406.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, сурия, харобшавӣ, ҷанг
видео, сурия, харобшавӣ, ҷанг
Даҳ сол пас аз ҷанг - наворҳои Ҳумси харобшуда дар Сурия
14:06 16.03.2021 (Навсозишуда: 17:44 10.04.2021) Ҳавопаймои бесарнишин Ҳумси харобшударо дар даҳумин солгарди оғози ҷанг дар Сурия сабт кард. Видеоро бубинед, ки шаҳри як замон шукуфон ҳоло дар чӣ ҳол қарор дорад
Даҳ сол пеш дар Сурия амалиётҳои ҷангӣ оғоз ёфта буданд. Дар солгарди сар задани ҷанг ҳавопаймои бесарнишин харобшавии азим дар яке аз шаҳрҳои калонтарини кишвар Ҳумсро ба навор гирифт.
Дар видео нишон дода шудааст, ки шаҳр то чӣ андоза хароб шудааст: баъзе қисматҳои он пас аз даргириҳо ва гулӯлаҳо ҳанӯз хароб шудаанд.
Вилояти Ҳумс дар соли 2018 аз ҷангиён озод карда шуд ва барқарорсозии шаҳр то ба имрӯз идома дорад.
Даҳ сол қабл дар ҳамин моҳ, эътирозҳои демократияхоҳон пас аз чанд давлати дигар дар Сурия низ сар зад ва пас аз саркуби гирдиҳамоиҳо аз ҷониби низомиёни ҳукуматӣ он ба ҷанги дохилӣ табдил ёфт.
Дар ин даҳсола Сурия майдони муборизаҳо ва ташаккули гуруҳҳои терристӣ аз қабили ДИИШ (фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) гардид, ки хунхориву харобкориҳои зиёдро дар пай дошт.
Ба ҳайати гуруҳҳои террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ зиёд шомил шуданд, ки пасон иддае пушаймон шудаву баргаштанд, қисман фавтиданд. Ҳамзамон ҳоло низ дар урдугоҳҳои Сурия занону кӯдакони тоҷик ҳастанд, ки ахиран Вазорати корҳои хориҷа гуфт талош дорад то имсол онҳоро ба ватан орад.
Тибқи гузоришҳо, хунинтарин замон дар нооромиҳои Сурия соли 2014 гуфта мешавад, ки тибқи гузоришҳо беш аз 67 ҳазор нафар қатл шудаанд.