Чаро кӯдакону занони тоҷик тайи чор сол аз Сурия бар гашта наметавонанд?

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкПострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа
Пострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Обуна шудан
500 нафар аз занону кӯдакони тоҷик дар урдӯгоҳи таҳти контроли гурӯҳҳои курди сурӣ 4 сол аст, ки дар интизори бозгашт ба Тоҷикистон мебошанд.
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Ба нақл аз сомонаи амрикоии Frontline, акнун занону кӯдаконидоишиҳои кушташудаи тоҷикистонӣ дар канори хонаводаи доишиҳои 8 кишвари дигар дар ду урдӯгоҳ дар Сурия нигаҳдорӣ мешаванд ва талоши Душанбе барои бозгардондани онон ба ҷое нарасидааст.
Гуфта мешавад, ки 400 зану кӯдаки тоҷик дар урдӯгоҳи Алҳавл, таҳти кантроли низомиёни курд мавсӯм ба нерӯҳои демократии Сурия нигаҳдорӣ мешаванд .
Дар ин урдӯгоҳ 70 ҳазор нафари овора зиндагӣ мекунанд ва ахиран афзоиши фаъолияти таблиғотии гурӯҳи террористии ДОИШ, мамнӯъ дар Тоҷикистон миёни онон мушоҳида шудааст.
Женщина несет своего ребенка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Тоҷикистон беш аз 200 шаҳрвандашро аз Сурия меорад: вазир гуфт, баъзе омадан намехоҳанд
Хабаргузории русии Интерфакс ахиран аз боздошти 150 ДИИШ-ӣ дар ин урдӯгоҳ ба дасти гурӯҳҳои курди сурӣ хабар дод.
Аз сӯии дигар гурӯҳҳои курди сурӣ низ омӯзиши низомии писарони аз 12 сол ба болоро оғоз кардаанд, то ононро ба узвияти худ дароваранд .
Як мақоми масъӯл дар Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст : " Мушкили бозгардондани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ба кишварашон монеътарошии гурӯҳҳои курди Сурия аст, ки тобеъи ҳукӯмати Башор Асад нестанд ва гуфтаанд, ки ин афрод бояд аз тариқи Арбили Ироқ хориҷ карда шаванд ."
Мақомоти Тоҷикистон ба чанд созмони байналмиллалӣ пешниҳод кардаанд, ки кори хориҷ кардани ин афродро бар уҳда бигиранд, аммо ҳануз посухи мусбате ба ин пешниҳод дода нашудааст .
Мақомоти Додситонии кули Тоҷикистон мегӯянд наздик ба ду ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар солҳои 2014 то 2016 бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ва ба вижа ДИИШ ба Сурияву Ироқ рафтаанд .
Лентаи хабарҳо
0