Садамаи маргбор дар Петербург: ронандаи тоҷикистонӣ шарикашро пас аз садама корд зад

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкТакси в Москве, архивное фото
Такси в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
Ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон боздошт шудааст ва эҳтимол аст ба куштор айбдор шавад
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Садамае дар Санкт - Петербург бо куштори яке аз иштирокчиёни садама хотима ёфт, хабар медиҳад расонаҳои маҳаллӣ.
Тибқи гузориши "Невские Новости", садамаи нақлиётӣ бо таксӣ ва як мошини хориҷӣ рӯзи 22 май тахминан соати 18:00 дар чорроҳаи Криленко ва Проспекти Далневосточний рух додааст.
Учения Антитеррор 2017 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
ВКД аз се садамаи маргбор хабар дод: ҳалокати ду пиёдагарду ду мусофир дар як рӯз
Ҳангоме, ки ронандагон мунтазири омадани кормандони БДА будаанд, байни онҳо муноқиша сар зад.
Дар ин муноқиша тоҷик кордро бароварда, ба сокини Санкт-Петербург зад. Ҷабрдида бо захм дар минтақаи қалб дар беморхона бистарӣ шуд, аммо табибон ӯро наҷот дода натавонистанд ва ӯ дар беморхона ба ҳалокат расид.
Муфаттишон алайҳи ҳамлагар парвандаи ҷиноӣ боз карданд; вай дар ҷараёни тафтишот дар маҳкама қарор дорад.
Қурбонии садамаи нақлиётӣ дар вилояти Маскав. Шаҳрванди Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2020
Садамаи маргбори ду акаву додари тоҷик дар Русия: навори лаҳзаи мудҳиши садама нашр шуд
.Масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ бо моддаи "Одамкушӣ" алайҳи тоҷикистонӣ баррасӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0