ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ду ҷавони тоҷикистонӣ, акаву додар дар пайи садамаи нақлиётӣ дар вилояти Маскав ҳалок шудаанд. Тоҷиддин ва Маъруф, ҷавонони тоҷики тақрибан сисола ҳангоми мотосиксаворӣ ба садамаи мудҳиш дучор шудаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳодиса нашр шудааст.
Тавре дар он дида мешавад, ҷавоне савори мотосикл бо суръати баланд ба худраве дар канори роҳ бармехӯрад.
Тавре яке аз хешовандони қурбониёни ҳодиса менависад, Тоҷиддин ва Маъруф сокинони шаҳри Ҳисор будаанд.
"Худованд раҳмату мағфират гардонад ва ҷояшон Ҷаннат бод. Тоҷиддин ва Маъруф-ду бародар. ҳарду ҳам бароям ҷиян. Бисёр сахт аст, вақте хабари марги якбора ду нафари наздикро мешунавӣ ва он ҳам аз як оила-яке ака дигаре додар. Дар Ҳисор боз як оила мотам дорад. Акнун падару модари пир интизори ҷисми беҷони якбора ду писар, ки кай аз Москав ба инҷо мерасад", - менависад як корбари Фейсбук.
Бо дастрас шудани тафсилоти бештар, ин ҷо нашр хоҳем кард.