https://sputnik.tj/20210518/vkd-sadama-margbor-halokati-piyodagard-musofir-1039515768.html
ВКД аз се садамаи маргбор хабар дод: ҳалокати ду пиёдагарду ду мусофир дар як рӯз
ВКД аз се садамаи маргбор хабар дод: ҳалокати ду пиёдагарду ду мусофир дар як рӯз
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз рух додани се садамаи нақлиётии маргбор дар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки дар он чаҳор шаҳрванд ба ҳалокат расидааст хабар дод
2021-05-18T12:00+0500
2021-05-18T12:00+0500
2021-08-10T16:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
садамаи нақлиётӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102246/23/1022462362_0:0:2501:1407_1920x0_80_0_0_2dc2a5615895eaaeb53dc3751c6c1b8b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Ба иттилои дафтраи матбуоти ин ниҳод, садамаи маргбор санаи 16-уми майи соли равон рух додааст. Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Мамасидиқов Муҳаммадҷони 20-солаи сокини ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди деҳаи Қизилнишон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Юлдошев Зоҳид, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолиятро пахш намудааст.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Инчунин ба иттилои ВКД санаи 16-уми майи ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Беков Заршед, сокини ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сангпар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Гулнораи Абдуҷалил, сокини ҷамоати деҳоти Зарбдорро пахш намудааст.Тибқи иттилои манбаъ, Гулнораи Абдуҷалил ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.Ҳамзамон як садамаи мадҳуши дигар санаи 16-уми май дар километри 49-уми ҳудуди деҳаи Вездараи ноҳияи Роштқалъа, рух додааст. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, Нозиёнов Суҳроб сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷавшанғоз ба тарафи ноҳияи Роштқалъа, дар километри 49-уми ҳудуди деҳаи Вездара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст. Дар натиҷа ин садама, мусофирони мошин Қарабозов Назмӣ ва Ёдгоров Алёр, сокинони деҳаи Сорчи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Қайд карда шудааст, ки мусофирони дигар Иброҳимов Айнулло ва Ниёзмамадова Савриноз, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.ВКД-и таъкид доштааст, ки кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.
https://sputnik.tj/20210517/sadama-dushanbe-kulob-qurboni-1039498520.html
https://sputnik.tj/20210512/qurboni-sadama-tojikiston--1039393229.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102246/23/1022462362_69:0:2292:1667_1920x0_80_0_0_77121770dd33b5854dd9b6e60e86464f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, нақлиётӣ, пиёдагард, ҳалокат, мусофир
тоҷикистон, садама, нақлиётӣ, пиёдагард, ҳалокат, мусофир
ВКД аз се садамаи маргбор хабар дод: ҳалокати ду пиёдагарду ду мусофир дар як рӯз
12:00 18.05.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз рухдоди се садамаи нақлиётии маргбор дар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки дар он чаҳор шаҳрванд ба ҳалокат расидааст, хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Ба иттилои дафтраи матбуоти ин ниҳод, садамаи маргбор санаи 16-уми майи соли равон рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Мамасидиқов Муҳаммадҷони 20-солаи сокини ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди деҳаи Қизилнишон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Юлдошев Зоҳид, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолиятро пахш намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ба иттилои ВКД санаи 16-уми майи ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Беков Заршед, сокини ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сангпар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Гулнораи Абдуҷалил, сокини ҷамоати деҳоти Зарбдорро пахш намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Гулнораи Абдуҷалил ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон як садамаи мадҳуши дигар санаи 16-уми май дар километри 49-уми ҳудуди деҳаи Вездараи ноҳияи Роштқалъа, рух додааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, Нозиёнов Суҳроб сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷавшанғоз ба тарафи ноҳияи Роштқалъа, дар километри 49-уми ҳудуди деҳаи Вездара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст.
Дар натиҷа ин садама, мусофирони мошин Қарабозов Назмӣ ва Ёдгоров Алёр, сокинони деҳаи Сорчи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Қайд карда шудааст, ки мусофирони дигар Иброҳимов Айнулло ва Ниёзмамадова Савриноз, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВКД-и таъкид доштааст, ки кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.