Коршинос: Истиқрори низомиёни ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст

Обуна шудан
Сиёсатшиноси рус, коршиноси пешбари мушкилоти ислом, доктори илмҳои таърих, профессор Алексей Малашенко вазъи ояндаи Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказиро пас аз рафтани низомиёни амрикоӣ арзёбӣ кард
Пажӯҳишгари масоили сиёсӣ дар Русия эҳтимоли истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Тоҷикистон пас аз хурӯҷи онон аз Афғонистонро ғайримумкин хонд
Ба гузориши РИА Новости Александр Малашенко муътақидаст, ки вуҷуди пойгощи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон ба ин маънӣ аст, ки ҳеч кишвари хориҷии дигаре, аз ҷумла Амрико наметавонад дар ин кишвари муттаҳиди роҳбурдии Русия дархосте барои истиқрори низомиёни худ матраҳ кунад.
Коршинос мегӯяд, ягона чизе, ки имконпазир аст, хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон аст.
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Амрико мехоҳад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии бузург бунёд кунад
Вай мегуяд, пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва НАТО ташаннуҷи авзоъ ва шиддати даргириҳо дар Афғонистонро интизор шуд, аммо ин даргириҳо наметавонад ба таври ҷиддӣ амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа Тоҷикистонро таҳдид кунад.
Пажӯҳишгари масойили сиёсӣ дар Русия изофа кард, ки гурӯҳҳои рақиб дар Афғонистон талош хоҳанд кард, ки қудратро дар даст гиранд ва замоне барои фикр кардан дар бораи эҷоди ноамнӣ дар кишварҳои ҳамсоя нахоҳанд дошт .

"Ҳамчунин акнун шароит тағйир карда ва Амрико қодир нест пойгоҳи низомии наве дар Осиёи марказӣ таъсис кунад, зеро ин кор хароҷоти молии зиёдеро дар пай хоҳад дошт ва Русияву Чин низ чунин имконеро ба Вашингтон намедиҳанд",- афзуд Малишенко.

Чанде қабл нашрияҳо аз талошҳои Амрико барои интиқоли низомиёни худ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуфта буданд .
Лентаи хабарҳо
0