https://sputnik.tj/20210519/amriko-tojikiston-poygohi-nizomii-buzurg-1039569774.html
Амрико мехоҳад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии бузург бунёд кунад
Амрико мехоҳад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии бузург бунёд кунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Амрико барои таҳияи лоиҳаи пойгоҳҳои низомӣ дар 20 кишвар тақрибан 250 миллион доллар ҷудо карданд
2021-05-19T19:40+0500
2021-05-19T19:40+0500
2021-05-20T12:15+0500
дар тоҷикистон
амрико
афғонистон
бунёд
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/95/1031039546_0:16:2048:1168_1920x0_80_0_0_fe65e61dab92a8938f3dafe3322c9fac.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони пойгоҳи низомии Амрико имконпазиир аст. Дар ин бора иттилоъ додааст RT дар истинод ба як манбаъ дар артиши ИМА.Тибқи ин санад, Вашингтон ният дорад дар 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пойгоҳҳои низомӣ бо тамоми инфрасохторҳои лозима бунёд кунад.Барои мисол дар пойгоҳи низомӣ бояд ҳатман фурудгоҳҳо, роҳи автомобилгард, бемористонҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обрасонӣ ва ғайра сохта шавад. Пойгоҳҳо бо перон ва бонди фурудгоҳ бояд муҷаҳҳаз бошанд.Ҳукумати Амрико барои таҳияи ин лоиҳа 240 миллион доллар ҷудо кардааст. Шартнома бо пудратчиён барои панҷ сол баста мешавад. Онҳо вазифадоранд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пойгоҳи низомӣ низ бунёд кунанд.Бо вуҷуди ин, Вашингтон метавонад ба мақсадҳои худ нарасад. Ин бори аввал нест, ки Амрико чунин изҳорот медиҳад, аммо дар асли кор ин иқдомҳо амал намешаванд.Ёдовар мешавем, ки соли 2004 пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки бузургтарин пойгоҳи низомӣ берун аз Русия аст, дар Тоҷикистон сохта шуда буд.Ғайр аз он, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сафари ахираш ба Тоҷикистон эълом дошт, ки дар марз бо Афғонистон як посгоҳи нав сохта мешавад.Ҳамин тариқ, Маскав дар амал кумакҳои заруриро ба Душанбе дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20210518/poygohi-nizomii-amriko-afghoniston-supurda-1039511725.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/95/1031039546_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_9221e9df442c515c2c9421a86703417b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомоти амрико, лоиҳа, пойгоҳи низомӣ
тоҷикистон, мақомоти амрико, лоиҳа, пойгоҳи низомӣ
Амрико мехоҳад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии бузург бунёд кунад
19:40 19.05.2021 (Навсозишуда: 12:15 20.05.2021) Мақомоти Амрико барои таҳияи лоиҳаи пойгоҳҳои низомӣ дар 20 кишвар тақрибан 250 миллион доллар ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони пойгоҳи низомии Амрико имконпазиир аст. Дар ин бора иттилоъ додааст RT дар истинод ба як манбаъ дар артиши ИМА.
Тибқи ин санад, Вашингтон ният дорад дар 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пойгоҳҳои низомӣ бо тамоми инфрасохторҳои лозима бунёд кунад.
Барои мисол дар пойгоҳи низомӣ бояд ҳатман фурудгоҳҳо, роҳи автомобилгард, бемористонҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обрасонӣ ва ғайра сохта шавад. Пойгоҳҳо бо перон ва бонди фурудгоҳ бояд муҷаҳҳаз бошанд.
"Шартҳои техникӣ бо хизматрасониҳо маҳдуд намешаванд" - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳукумати Амрико барои таҳияи ин лоиҳа 240 миллион доллар ҷудо кардааст. Шартнома бо пудратчиён барои панҷ сол баста мешавад. Онҳо вазифадоранд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пойгоҳи низомӣ низ бунёд кунанд.
Бо вуҷуди ин, Вашингтон метавонад ба мақсадҳои худ нарасад. Ин бори аввал нест, ки Амрико чунин изҳорот медиҳад, аммо дар асли кор ин иқдомҳо амал намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2004 пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки бузургтарин пойгоҳи низомӣ берун аз Русия аст, дар Тоҷикистон сохта шуда буд.
Ғайр аз он, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сафари ахираш ба Тоҷикистон эълом дошт, ки дар марз бо Афғонистон як посгоҳи нав сохта мешавад.
Ҳамин тариқ, Маскав дар амал кумакҳои заруриро ба Душанбе дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома хоҳад дод.