https://sputnik.tj/20210513/ima-poygohho-afghoniston-osiyoi-markazi-intiqol-1039413797.html
ИМА умедвор аст, ки пойгоҳҳояшро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад
ИМА умедвор аст, ки пойгоҳҳояшро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида имкони ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомиро дар ҷумҳуриҳои ҳамсояи Афғонистон меомӯзад
2021-05-13T10:33+0500
2021-05-13T10:33+0500
2021-05-13T12:01+0500
дар тоҷикистон
има
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102835/49/1028354917_0:4:1000:567_1920x0_80_0_0_f37fdc98fb5dd7f4d75bc4a4edda1109.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имконоти истиқрори пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон баррасӣ мекунад. Дар ин бора Дэвид Ҳелвӣ, ёвари вазири дифоъ оид ба амният дар уқёнусҳои Ҳинду Ором зимни як ҷаласа дар Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Маҷлиси Намояндагон изҳор дошт.Чунин тадбир барои муқобила бо террористон дар қаламрави Афғонистон омӯхта мешавад.Вай инчунин илова кард, ки роҳбарияти низомии ИМА инчунин умедвор аст, ки қобилияти парвоз дар болои Афғонистонро нигоҳ медорад.Ҳамзамон, намояндаи Пентагон қайд кард, ки созишномаҳои мушаххас бо ҷумҳуриҳои минтақа дар бораи ҷойгиркунии пойгоҳҳои амрикоӣ ба даст наомадаанд. Қаблан рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal навишта буд, ки пас аз хуруҷ аз Афғонистон ИМА метавонад нерӯҳояшро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақар кунад, дар ҳоле ки ҳанӯз созишномаҳо вуҷуд надоранд. Ба гуфтаи баъзе аз кормандони низомӣ ва намояндагони маъмурияти президент, Ҷо Байден, роҳи беҳтарин мустақар кардани нерӯҳо дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд. Ин имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ зуд ба кишвар ворид шуд.Аммо манбаҳо гуфтанд, ки бо назардошти "ҳузури бузурги низомии" Русия ва афзоиши нуфузи Чин, таъсиси пойгоҳҳо дар ин ҷумҳуриҳо душвор аст.
https://sputnik.tj/20210511/korshinos-tojikiston-ima-afghoniston-kumak-1039377096.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102835/49/1028354917_97:0:932:626_1920x0_80_0_0_b5f2c267c809469746cda7f9c208d1fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, осиёи марказӣ, пойгоҳ, нерӯ,
има, осиёи марказӣ, пойгоҳ, нерӯ,
ИМА умедвор аст, ки пойгоҳҳояшро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад
10:33 13.05.2021 (Навсозишуда: 12:01 13.05.2021) Иёлоти Муттаҳида имкони ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомиро дар ҷумҳуриҳои ҳамсояи Афғонистон меомӯзад
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имконоти истиқрори пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон баррасӣ мекунад.
Дар ин бора Дэвид Ҳелвӣ, ёвари вазири дифоъ оид ба амният дар уқёнусҳои Ҳинду Ором зимни як ҷаласа дар Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Маҷлиси Намояндагон изҳор дошт.
Чунин тадбир барои муқобила бо террористон дар қаламрави Афғонистон омӯхта мешавад.
"Мо мехоҳем роҳҳои нигоҳ доштани қобилияти ҳарбӣ ва иктишофӣ дар минтақаро таҳқиқ кунем ва таҳдидҳоро боздорем", - гуфт Ҳелви, дар мавриди ҷойгиркунии пойгоҳҳои ИМА дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Вай инчунин илова кард, ки роҳбарияти низомии ИМА инчунин умедвор аст, ки қобилияти парвоз дар болои Афғонистонро нигоҳ медорад.
Ҳамзамон, намояндаи Пентагон қайд кард, ки созишномаҳои мушаххас бо ҷумҳуриҳои минтақа дар бораи ҷойгиркунии пойгоҳҳои амрикоӣ ба даст наомадаанд.
"Мо бо ҳеҷ кадоме аз ин кишварҳо созишнома надорем. Аммо мо тамоми имконотро кор карда истодаем", - гуфт Ҳелви.
Қаблан рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal навишта буд, ки пас аз хуруҷ аз Афғонистон ИМА метавонад нерӯҳояшро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақар кунад, дар ҳоле ки ҳанӯз созишномаҳо вуҷуд надоранд.
Ба гуфтаи баъзе аз кормандони низомӣ ва намояндагони маъмурияти президент, Ҷо Байден, роҳи беҳтарин мустақар кардани нерӯҳо дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд.
Ин имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ зуд ба кишвар ворид шуд.
Аммо манбаҳо гуфтанд, ки бо назардошти "ҳузури бузурги низомии" Русия ва афзоиши нуфузи Чин, таъсиси пойгоҳҳо дар ин ҷумҳуриҳо душвор аст.