https://sputnik.tj/20210511/korshinos-tojikiston-ima-afghoniston-kumak-1039377096.html
Ҳаққи Тоҷикистон барои додани ҳудуд ба низомиёни ИМА: шарҳи Сайфулло Сафаров
Ҳаққи Тоҷикистон барои додани ҳудуд ба низомиёни ИМА: шарҳи Сайфулло Сафаров
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт, оё Тоҷикистон ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар қаламрави худ, ки Афғонистонро тарк мекунанд, иҷоза медиҳад ё не
2021-05-11T18:14+0500
2021-05-11T18:14+0500
2021-07-21T14:05+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
има
афғонистон
низомиён
тарк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033027508_0:211:2862:1821_1920x0_80_0_0_c24a1a8df78219cd9355ae67b9d460d1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Тоҷикистон метавонад як пайванди мобайнӣ дар интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шавад. Дар ин бора Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳори назар кардааст. Ба гуфти ӯ, давлат метавонад қаламрави худро дар доираи ӯҳдадориҳо дар назди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) диҳад. Аммо, бидуни розигии шариконаш, Тоҷикистон ҳақ надорад, ин корро кунад, таъкид кардааст Сафаров. Коршинос гуфтааст, ки ИМА барои баромадан аз Афғонистон танҳо ду роҳ - тавассути Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дорад. Дар акси ҳол, интиқоли низомиён ба Иёлот мушкил хоҳад буд. Коршинос афзудааст, ки интиқол додани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба Тоҷикистон метавонад ба муносибати Тоҷикистону Амрико таъсири мусбат расонад. Қаблан Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УрОсиё ва робита бо ҳамватанон изҳор дошт, ки таъсиси пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст. Ӯ қайд кард, ки тибқи шартҳои созишномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, ҷойгиркунии нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст. Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар охири моҳи апрел хабар дод. Тибқи қарори раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден, артиши ИМА бояд то 11 сентябр кишварро тарк кунад.
https://sputnik.tj/20210511/poygohi-ima-dar-tojikiston-amri-mahol-1039358417.html
https://sputnik.tj/20210511/amriko-bomba-afghon-rusiya-1039373147.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033027508_0:0:2724:2043_1920x0_80_0_0_a997ad0c113d90033ec2dd9fdf582018.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, има, хуруҷи нерӯҳо, русия, осиёи марказӣ
тоҷикистон, има, хуруҷи нерӯҳо, русия, осиёи марказӣ
Ҳаққи Тоҷикистон барои додани ҳудуд ба низомиёни ИМА: шарҳи Сайфулло Сафаров
18:14 11.05.2021 (Навсозишуда: 14:05 21.07.2021) Коршинос гуфт, оё Тоҷикистон ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар қаламрави худ, иҷоза медиҳад ё не
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Тоҷикистон метавонад як пайванди мобайнӣ дар интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шавад.
Дар ин бора Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо
РИА Новости изҳори назар кардааст.
Ба гуфти ӯ, давлат метавонад қаламрави худро дар доираи ӯҳдадориҳо дар назди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) диҳад. Аммо, бидуни розигии шариконаш, Тоҷикистон ҳақ надорад, ин корро кунад, таъкид кардааст Сафаров.
Коршинос гуфтааст, ки ИМА барои баромадан аз Афғонистон танҳо ду роҳ - тавассути Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дорад. Дар акси ҳол, интиқоли низомиён ба Иёлот мушкил хоҳад буд.
"Ҷониби Тоҷикистон аллакай дар ин масъала таҷриба дорад, ба мисли мустақар кардани низомиёни Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе аз соли 2001 (то соли 2010) ва омадани ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА барои боркунии сӯзишворӣ", - гуфт Сафаров.
Коршинос афзудааст, ки интиқол додани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба Тоҷикистон метавонад ба муносибати Тоҷикистону Амрико таъсири мусбат расонад.
Қаблан Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УрОсиё ва робита бо ҳамватанон изҳор дошт, ки таъсиси пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Ӯ қайд кард, ки тибқи шартҳои созишномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, ҷойгиркунии нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар охири моҳи апрел хабар дод. Тибқи қарори раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден, артиши ИМА бояд то 11 сентябр кишварро тарк кунад.