Кӯчонидани аҳолӣ ба хаймаҳои муваққатӣ: 19 манзил дар деҳоти Ифтихор пурра хароб гардид

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда шуда, онҳо бо хӯроки доимӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сарвазир Қоҳир Расулзода ба мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафар кард.
Бориши рӯзи 11 майи соли равон дар ноҳияи Ёвон боиси обхезӣ гардида, дар деҳоти Обшорон ва Ситораи сурх ба манзилҳои истиқоматии сокинон ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.
Аснои ошноӣ бо ҳолати баамаломада, Расулзода масъулонро барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ вазифадор намуд, хабар медиҳад хабаргузории "Ховар" бо такя ба мақомоти вилояти Хатлон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
Дар идома сарвазир бо оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳолати баамаломада шинос шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши пай дар пайи 7-8 майи соли равон ва омадани сел дар деҳаҳои Навобод 4 ва Навобод 5-и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт.
Тибқи иттилоъ, айни замон боз 10 манзили истиқоматии дигар дар ҳолати хатарнок қарор доранд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон зарардидагон бо хӯроки доимӣ таъмин мебошанд.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Мақомот теъдоди қурбониёни сели Кӯлобро гуфт: 5 танашон дар дохили мошин буданд
Гуфта мешавад, ки барои зарардидагон минтақаи нав барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гардида, мутахассисон корҳои санҷиширо идома дода истодаанд.
Сарвазир масъулонро вазифадор кардааст, ки ҳарчӣ зудтар корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинонро оғоз намуда, роҳу пул ва дигар оқибатҳои офати табииро бартараф намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сокинони зарардида заминҳои кишоварзӣ низ ҷудо гардида, барои кишти маҳсулот ба онҳо кумак расонида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0