https://sputnik.tj/20210512/prezident-marg-odamon-dar-kulob-hisor-1039385130.html
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон ба марги одамон дар паи селхезӣ дар минтақаи Кӯлобу Ҳисор вокуниш карда, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзодаро ва барои бартараф кардани оқибатҳои он вазифадор кард
2021-05-12T01:29+0500
2021-05-12T01:29+0500
2021-07-29T16:32+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
эмомалӣ раҳмон
кҳф
оқибати офатҳои табиӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039088682_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_cd58da31189bbf9ae2607c40f0bb269a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, хисороти дар паи сел ба хоҷагии халқ расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ намояд.Бо дастури Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси КҲФ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.Бино ба гузориши котиботи раисиҷумури Тоҷикистон, тибқи маълумоти пешакӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу купрукҳо зарар дидаанд. Ҳамчунин бо супориши Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумат бо роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин бо дастури кишвардор, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамояд.Ёдрас мешавем, ки ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид. КҲФ теъдоди фавтидагонро 7 тан арзёбӣ кард.Бино ба иттилои ин ниҳод, дар паи сели азим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд. Дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
https://sputnik.tj/20210511/harobkoriho-sel-kulob-1039379108.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039088682_33:0:2764:2048_1920x0_80_0_0_d1fa6fdfdb4f0a15ec28455afbb598ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, президент, марги одамон, кӯлобу ҳисор
вокуниш, президент, марги одамон, кӯлобу ҳисор
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
01:29 12.05.2021 (Навсозишуда: 16:32 29.07.2021) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба марги одамон дар паи селхезӣ дар минтақаи Кӯлобу Ҳисор вокуниш карда, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзодаро барои бартараф кардани оқибатҳои он вазифадор кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, хисороти дар паи сел ба хоҷагии халқ расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ намояд.
Бо дастури Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси КҲФ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумури Тоҷикистон, тибқи маълумоти пешакӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу купрукҳо зарар дидаанд.
"Мутаассифона талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин бо супориши Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумат бо роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.
Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин бо дастури кишвардор, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамояд.
Ёдрас мешавем, ки ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
КҲФ теъдоди фавтидагонро 7 тан арзёбӣ кард.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар паи сели азим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.