https://sputnik.tj/20210512/tedod-favtidagon-dar-seli-kulob-1039385354.html
Мақомот теъдоди қурбониёни сели Кӯлобро гуфт: 5 танашон дар дохили мошин буданд
Мақомот теъдоди қурбониёни сели Кӯлобро гуфт: 5 танашон дар дохили мошин буданд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, сел дар вилояти Хатлон хисороти ҷонӣ низ дошт
2021-05-12T09:00+0500
2021-05-12T09:00+0500
2021-05-12T09:00+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
президент
кӯлоб
кҳф
дастур
хисорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686220_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_e4812d2d01faea729562706e8cc392e9.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кумитаи ҳоҳатҳои фавқулода теъдоди фавтидагон дар паи селхезӣ дар Кӯлобу Ҳисорро гуфтанд.Ҳамин тавр, КҲФ аз ҳалок шудани 7 тан дар паи сели мудҳиш хабар медиҳад.Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст. Дар ин росто, дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
https://sputnik.tj/20210512/prezident-marg-odamon-dar-kulob-hisor-1039385130.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686220_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_78431bcf42dac6b76ddf9022d2b14da7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, хисорот, фавтидагон, қурбониён, сел, кӯлоб, ҳисор
кҳф, хисорот, фавтидагон, қурбониён, сел, кӯлоб, ҳисор
Мақомот теъдоди қурбониёни сели Кӯлобро гуфт: 5 танашон дар дохили мошин буданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, сел дар вилояти Хатлон хисороти ҷонӣ низ дошт
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кумитаи ҳоҳатҳои фавқулода теъдоди фавтидагон дар паи селхезӣ дар Кӯлобу Ҳисорро гуфтанд.
Ҳамин тавр, КҲФ аз ҳалок шудани 7 тан дар паи сели мудҳиш хабар медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ин росто, дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.