https://sputnik.tj/20210512/afzoish-qurboniyoni-sel-dar-kulob-1039400974.html
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи қурбониёни селхезӣ дар Тоҷикистон ба 9 нафар расид
2021-05-12T16:19+0500
2021-05-12T16:19+0500
2021-05-12T16:59+0500
дар тоҷикистон
кҳф
қурбонӣ
иҷтимоъ
бартарафсозӣ
умеда юсупова
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039388313_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_6525a0e29a41e82a287e8533a04c1c46.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, теъдоди қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон афзуд.Умеда Юсупова, сухангӯи КҲФ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, пиразани 70 - сола мебошад.Манбаъ афзуд, ки то ҳол наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода беш аз 315 манзилро аз гилу лой тоза карда, ба пок сохтани кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб машғул ҳастанд.Ба гуфти Юсупова, имрӯз дар шаҳри дар Кӯлоб Ситоди рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кор шурӯъ кард, ки аз 7 гурӯҳ иборат аст.Қаблан, КҲФ аз ҳалокати 8 нафар бар асари фаромадани сел хабар дода буд.Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба дарёфт карда шуд.Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шуд.Ҳамчунин ҷасаде дар ноҳияи Кушониён, аз селоба берун оварда шуд. Ӯ марди 34 - сола, сокини ҳамин ноҳия будааст.Пештар манобеи ғайрирасмӣ аз дарёфти 9 ҷасад ва бедарак шудани наздики 18 тани дигар хабар дода буданд.Дар ин росто, дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
https://sputnik.tj/20210512/suhbat-rasulzoda-rahmon-suporish-1039390482.html
https://sputnik.tj/20210512/rasulzoda-muza-kulob-bozdid-kard-1039387967.html
https://sputnik.tj/20210512/prezident-marg-odamon-dar-kulob-hisor-1039385130.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039388313_120:0:840:540_1920x0_80_0_0_f3d816ee75aa867ff0d7525b0e4ce55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯлоб, шумораи қурбониён, селхезӣ, тоҷикистон
кӯлоб, шумораи қурбониён, селхезӣ, тоҷикистон
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард
16:19 12.05.2021 (Навсозишуда: 16:59 12.05.2021) Шумораи қурбониёни селхезӣ дар Тоҷикистон ба 9 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, теъдоди қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон афзуд.
Умеда Юсупова, сухангӯи КҲФ дар таъйиди ин хабар ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, пиразани 70 - сола мебошад.
"Ин зан беш аз 70 сол дошт. Вай сокини деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи Вахш буд. Ӯро сел бурд, наҷотдиҳандагон дар паи ҷустуҷӯ ӯро пайдо карданд", - гуфт Умеда Юсупова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки то ҳол наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода беш аз 315 манзилро аз гилу лой тоза карда, ба пок сохтани кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб машғул ҳастанд.
Ба гуфти Юсупова, имрӯз дар шаҳри дар Кӯлоб Ситоди рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кор шурӯъ кард, ки аз 7 гурӯҳ иборат аст.
Қаблан, КҲФ аз ҳалокати 8 нафар бар асари фаромадани сел хабар дода буд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба дарёфт карда шуд.
Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шуд.
Ҳамчунин ҷасаде дар ноҳияи Кушониён, аз селоба берун оварда шуд. Ӯ марди 34 - сола, сокини ҳамин ноҳия будааст.
Пештар манобеи ғайрирасмӣ аз дарёфти 9 ҷасад ва бедарак шудани наздики 18 тани дигар хабар дода буданд.
Дар ин росто, дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.