Расулзода дар пой мӯза аз кӯчаҳои офатзадаи Кӯлоб боздид кард: супориш ба масъулин

© Мақомоти вилояти ХатлонҚоҳир Расулзода аз мавзеъҳои обхезӣ дидан кард
Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои обхезӣ дидан кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон аз мавзеъҳои офатзадаи шаҳри Кӯлоб боздид карда, барои бартарафсозии оқибатҳои он ба масъулин супоришҳои таъхирнопазир дод
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон ва дигар ҳайати корӣ бо дастуру супоришҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон, ба шаҳри Кӯлоб рафтанд.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии вилояти Хатлон, сарвазир аз кӯчаҳои офатзада дидан кард. Аз ҷумла кӯчаи марказии назди терминал, ки 50 метр роҳро об рахна карда, инчунин аз кӯчаҳои С. Даминзода, Содиқов, хатти роҳ ва дигар мавзеъҳое, ки аз оби сел, ки аз сойи Тебалай ҷорӣ шуда, ба хонаҳои истиқоматии аҳолӣ даромада зарар расондааст.
Аз акс дида мешавад, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар макони вайроншуда дар пой мӯза пӯшидаанд. Ин аз бад будани вазъи роҳҳо дар минтақаи офатзада гувоҳӣ медиҳад.
"Сарвазири мамлакат ба масъулин дастур дод, ки аҳолиро ба манзилҳои бехавф кӯчонда, дар кутоҳтарин муҳлат оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, нафароне, ки аз офати табиӣ зарар мебинанд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, баҳри бартараф намудани офатҳои табиӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
© Мақомоти влояти ХатлонМавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод.
Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.
Лентаи хабарҳо
0