https://sputnik.tj/20210511/nazorat-faoliyati-radio-televizionhoi-tojikiston-purzur-1039378578.html
Назорати фаъолияти радио ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон боз ҳам пурзӯр мешавад
Назорати фаъолияти радио ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон боз ҳам пурзӯр мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии пахши телевизиони Тоҷикистон бо эълони муқаррароти нави тамдиди муҷаввизи радио ва телевизиони мустақили кишвар назорати васоити ахбори оммаро шадидтар кард
2021-05-11T19:20+0500
2021-05-11T19:20+0500
2021-05-11T20:25+0500
дар тоҷикистон
телевизион
назорат
пурзур
расона
радио
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/02/1029350265_0:0:3106:1748_1920x0_80_0_0_549eeac8e5e332aa9073d425dd34456e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Бар ин асос, аз ин пас шабакаҳои радиоӣ ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки қабл аз пахш, матни тамоми барномаҳои худро дар ихтиёри Комитети давлатии радио ва телевизиони кишвар қарор диҳанд ва танҳо пас аз иҷозати ин ниҳод метавонанд иқдом ба таҳия ва пахши барнома кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.Гуфта мешавад, ки дар сурати худдорӣ аз иҷрои ин муқаррарот иҷозатномаи фаъолияти ин расонаҳо лағв хоҳад шуд. Ҳамчунин ширкати намояндагони расонаҳои мустақил дар нишастҳои мақомоти комитети давлатии радио ва телевизион дар Тоҷикистон иҷборист. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон ин иқдом ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар радабандии ҷаҳонии озодии баён боз ҳам бадтар хоҳад кард. Бар асоси гузориши созмони хабарнигорони бидуни марз ҳамакнун Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи саду шасту дувумро дар озодии баён дорад.
https://sputnik.tj/20210313/shabakai-televizionivu-nashriya-maqomoti-Khatlon-rushdi-VAO--1032995359.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/02/1029350265_375:0:3106:2048_1920x0_80_0_0_625dbb423834b4e766f450ad4f04a02b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, назорат, телевизион, радио иҷозатнома
тоҷикистон, назорат, телевизион, радио иҷозатнома
Назорати фаъолияти радио ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон боз ҳам пурзӯр мешавад
19:20 11.05.2021 (Навсозишуда: 20:25 11.05.2021) Кумитаи давлатии пахши телевизиони Тоҷикистон бо эълони муқаррароти нави тамдиди иҷозатномаи радио ва телевизиони мустақили кишвар назорати васоити ахбори оммаро шадидтар кард
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Бар ин асос, аз ин пас шабакаҳои радиоӣ ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки қабл аз пахш, матни тамоми барномаҳои худро дар ихтиёри Комитети давлатии радио ва телевизиони кишвар қарор диҳанд ва танҳо пас аз иҷозати ин ниҳод метавонанд иқдом ба таҳия ва пахши барнома кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Гуфта мешавад, ки дар сурати худдорӣ аз иҷрои ин муқаррарот иҷозатномаи фаъолияти ин расонаҳо лағв хоҳад шуд.
Ҳамчунин ширкати намояндагони расонаҳои мустақил дар нишастҳои мақомоти комитети давлатии радио ва телевизион дар Тоҷикистон иҷборист.
Ба гуфтаи бархе аз коршиносон ин иқдом ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар радабандии ҷаҳонии озодии баён боз ҳам бадтар хоҳад кард.
Бар асоси гузориши созмони хабарнигорони бидуни марз ҳамакнун Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи саду шасту дувумро дар озодии баён дорад.